КОРОНАВИРУС чанд муддати зинда мемонад?

Коронавирус дар сатҳи миз 4 соат, дар сатҳи картон 24, дар сатҳи пластика 5 рўз, пўлоди зангногир 48 соат, дар ҳаво 3 соат зинда мемонад. Маҳз дар ҳамин муддат сатҳҳои зарарёфта барои одамон хавфнок мешаванд. Аз ин сабаб мутахассисон доим шустани дастҳои  худ ва ба беҳдошт (гигиена) риояи қатъӣ карданро талаб менамоянд.

Маҳсулоте, ки организмро нисбати коронавирус тобовар менамояд

Мутахассисони Агентии истеъмоли ғизо ва илми парҳези Испания иброз намуданд, ки худи ғизо коронавирусро пешгирӣ намуда наметавонад ва албатта онро табобат ҳам намекунад. Аммо механизмҳои ҳифз шудан аз сирояти коронавирус ва мубориза ба муқобили он, инчунин, муқобилияти барқароршавии организм бо истеъмоли ғизо робитаи зич доранд. Аз ин сабаб барои тақвият бахшидани масуният ва таассур (реаксия) ба муқобили микроорганизмҳои патогени бавуҷудоварандаи сироят хўроки кифоя истеъмол намудан даркор аст. Ба гуфтаи Президенти Академияи истеъмоли ғизо ва парҳезии Испания Ҷузеппе Руссоллилло парҳез бояд «бо тавозун ва гуногун» бошад, инчунин будани мева ва сабзавот (манбаи пребиотикҳо), маҳсулоти донӣ, гўшти беравған, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ (манбаи пробиотикҳо) даркор аст. Хусусан, ба кислотаҳои равғани омега 3-и таркиби моҳӣ, чормағз ва равғани зайтун таваҷҷуҳи махсус мебояд. Истеъмоли онҳо қувваи таъсири зиддиилтиҳобӣ дошта, ба хуб шудани масуният ёрӣ мерасонанд. Хоби солим, фаъолияти ҷисмонӣ ва гузаштан аз баҳри одатҳои бад низ ба мустаҳкам шудани масуният ёрӣ мерасонад.

***

БА ҲАР ГУНА ОВОЗАҲО НИГАРОНӢ НАБОЯД КАРД!

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз дар самти бемории сироятии «Коронавирус» қарор дорад ва дар ин  ода дастаҷамъона чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Бар зами ин пайваста ба ҳолати беҳдошти солимӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва мубориза бурдан бо бемориҳои сироятӣ лозим аст, ки онро аз расонаҳои ахбор, рўзномаю маҷаллаҳо баръало дида истодаем.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ ва махсусан, Паёми навбатиашон санаи 26-уми декабри соли 2019 ибрози ақида намуданд. «Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд», омадааст дар оғози Паём.

Кунун дар самти масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Бо ба вуҷуд омадани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигаронии бемории сироятии «Коронавирус» ва баста шудани сарҳадҳои байниҳамдигарии кишварҳо ворид ва содир гардидани маҳсулотҳои кишоварзии ниёзи мардум ба бозорҳо ва марказҳои савдо ин оиди нигаронии аҳолӣ шуда истодааст.

Чунин омилҳо сабаб ба он мегардад, ки фурўшандагон нархи маҳсулотҳои ниёзи мардумро то андозае баланд мебардоранд. Махсусан, маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, ки дар дохили кишвар истеҳсол карда мешаванд аз қабили пиёзу картошка, караму помидор ва амсоли ин дар фурўш тули ҳафтаҳои гузашта, ки то ба андозае коҳиш ёфтаанд.

Захираи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар амборҳои бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар то чӣ андозаанд, кас намедонад. Бо болоравии нархи чунин маҳсулотҳо музди маоши шаҳрвандон мусоидат нахоҳад кард.

Бояд мо ҳамагон аз заминҳои назди ҳавлигии хеш ва заминҳои обии хоҷагиамон самаранок истифода барем ва аз ду то се ҳосил ба даст оварда, зиндагии минбаъдаи худро таъмин намоем.

Ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ самараи дилхоҳ ба даст меорад ва дар ин ҷода кишти такрорӣ дар заминҳо, ташкили гармхонаҳо ва амсоли онҳо метавонад, ки амнияти озуқавории ҳар яки моро таъмин созад.

Маҳсулотҳои кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, аз ҷумла ноҳия ба чашм мерасанд ва талаботи сокинон ба онҳо дучанд аст.

Ғамхорӣ намудан ба бечорагон ва дасти ёрӣ дароз намудан ба онҳо, ҳамзамон ба табақаи камбизоати аҳолӣ пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳталам Эмомалӣ Раҳмон баён мегарданд. Шахсони саховатманд дар рўзҳои ҷашну идҳо ва махсусан, моҳи шарифи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон ба дигарон кўмаку хайрияи хешро дареғ намедоранд.

Алҳол шароити иқтисоди бозоргонӣ дар кишвар буда, нарх озод мебошад. Вале ҳар кор ҳаду ҳудуду андоза дорад. Талаботи шаҳрвандон оиди хариди маҳсулотҳои кишоварзӣ, хўрока хеле зиёд аст. Афзудани шумораи аҳолӣ дар кишвар боиси серталабӣ ба чунин маҳсулотҳост.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулинро вазифадор менамоянд, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд. Акнун, боз рў меорем ба бозор ва нарху навои он, ки алҳол дар моҳи шарифи Рамазон баҳри сокинони ноҳия чӣ гуна аст?

Истеҳсолу дастрасшавии маҳсулотҳои кишоварзӣ аз шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ба назар мерасад, вале онҳо аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти бемории сироятии «Коронавирус» нархи чунин маҳсулотҳоро баланд мебардоранд, ки боиси нигаронии мардум мегардад. Бояд фурўшандагон махсусан, дар давраи иду ҷашнҳо, моҳи шарифи Рамазон дари сахову ҳимматро кушода, худ дар ин ҷода хуб андеша намоянд.

Барои ҳар давлат солимии аҳли ҷомеа зарур аст. Аз ин рў, мо бояд шаҳрвандон худро солим нигоҳ дошта, бар зидди ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дастаҷамъона мубориза барем.

Бояд мо ҳамагон дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, кишвари азизу муқаддаси худ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.