19.03.2020. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравии назди раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин баргузор гардид.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба тамоми масъулони соҳаи тандурустии ноҳия, ҷамоатҳо, муассисаҳои таълимии ноҳия дастур дода шуд, ки дар дохили муассисаҳо тозагӣ ва меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, маводи зидди вирусӣ, аз ҷумла ниқобҳоро истифода намоянд.
Аз ҷониби сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Ҳакимзода С.Ҳ. иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, бо мақсади пешигирӣ аз ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳоли оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи маҳлулҳои безараргардони дар шустушуи дастон, ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонидан суҳбатҳо ва маводҳои таблиғоти дастрас карда шудаанд.
Аз ҷониби раиси ноҳия дастур дода шуд, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ, махсусан ҷойҳои серодам, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.