ХИЁНАТИ НАҲЗАТИЁН НОБАХШИДАНИСТ
Ҳамагон хуб огоҳанд, ки нек чисту бад чист ва сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд. Ҳанўз солҳои 1991-1992 пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд, ки ташкилкунандагони онҳо дар ҷомеа ва мафкураи одамон фикру ақидаи хешро ҷой додаанд. Яке аз чунин ҳизбҳо ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ Тоҷикистон буда, зери пардаи сиёҳ бо амалҳои нопоки худ фаъолият менамуд. Роҳбар ва пайравони ин ҳизб ақидаҳои гуногун дошта, мансабхоҳ буданд, ва бо идеологияи динӣ зидди сохтори ҷомеаи дунявӣ баромад менамуданд. Имрўз собиқ ҲНИТ-ро фаъолияташ боздошта шудааст ва он ҳамчун ТЭТ ҲНИТ ном бурда мешавад. Хоҷагони хориҷии ТЭТ ҲНИТ дар дигар кишварҳо паноҳ бурда пайваста мададрасони ин ҳизбанд. Наҳзатиён бо ДИИШ, Толибон ва дигар ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ ҳамкорӣ дошта ба ҷомеа ва афроди сулҳхоҳ зарари моддӣ мерасонанд. Муҳиддин Кабирӣ роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИТ ҳар гуна овозаҳои бардурўғро паҳн намуда, оиди бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар кишвари мо суханони ноҷо гуфтааст, ки ягон асосе надорад.
Чанде пеш тавассути шабакахои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат!-ро тамошо намудем ва аз амалҳои ин нафари хиёнаткор Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ пайдо намудем. Кабирӣ мехоҳад, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ кашад ва оиди бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ба онҳо бо далелҳои бардурўғ сухан ронда мафкураашонро нисбат ба кишвари соҳибистиқлоли мо вайрон намояд. Самти дигари кори Кабирӣ ҳамчун хиёнаткори Ватан паст намудани обрўю нуфузи кишвари тозаистиқлоли мо мебошад, вале мо намегузорем, ки чунин ашхос ақидаҳои хоми худро паҳн намуда, бо фикрҳои бардурўғаш ҷомеаи ҷаҳониро олуда созад. Мо ба он зарбаи ҷонкоҳ мезанем ва намегузорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол он табадулотҳои солҳои 1990-1992 бори дигар рўй диҳад.
Бозӣ кардан дар асаби мардум ин одоби сиёсӣ нест ва ба гуфти шоир Ҳабиб Юсуфӣ «То ба душман ҳамла орем, решааш бурем зи бех».