Собирзода Шералӣ Миралӣ
Ро
ҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара

Собирзода Шералӣ Миралӣ 17 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси муаррих ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба ҳайси коргузори Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифов оғоз намуда, то солҳои 2017 дар вазифаҳои омўзгори мактаби таҳсилоти умумии №8, ноҳияи Данғара, сармутахассис, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармутахассис оид ба хариди Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” кор кардааст.

Аз январи соли 2017 то декабри соли 2018 дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд мебошад.