Дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” бо иштироки васеъи бонувону занони фаъоли ноҳияи Данғара иди Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд.

 

Зимни суханронии табрикотии худ Раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин модарону занонро бахшида ба рӯзи бузургдошти модарон таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, иқболи баланд, хонаи ободу осуда ва оилаи солимро орзу намуданд ва перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳачун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рўзи модар” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. 

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. 

Раиси ноҳия инчунин аз занону бонувон даъват ба амал овард, ки барои тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, барои ҳунаромӯзии фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Иштироки ҳофизону сарояндагон дар қисмати фарҳангӣ чорабинии идонаро шукӯҳи тозае зам намуд.