ҶАМЪОМАД ОИД БА РАВАНДИ ИНТИХОБОТ
Санаи 18-уми сентябри соли равон дар ДДТХ ҷамъомади котибони учаскаҳои интихоботӣ ва гурўҳи донишҷўёну устодони ДДТХ бо намояндагони мақомоти марбут ба интихобот доир гардид.
Ҷамъомадро Қурбоншо Абдуллозода раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Данғара-54 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид. Номбурда ҳамагонро бо меҳмонон шинос кард:
-
Қодиров Некрўзҷон коршиноси комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-
Салимзода Сафарҷон сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон.
-
Қурбонов Усмон сармутахассиси раёсати кумитаи рушди маҳал дар вилояти Хатлон.
-
Авғонов Ашўр муовини сардори амнияти вилояти Хатлон.
-
Наимова Гулчеҳра намояндаи кумитаи кор бо занони вилояти Хатлон
Ҳар як намоянда доир ба масъалаҳои гуногуни раванди интихоботи дар пешистода баромад намуд.
Қодиров Некрўз ва Салимзода Сафарҷон оид ба тарзи иштирок дар интихобот ба ҳозирин муфассал маълумот дода, қайд карданд, ки мо бояд дар ин рўз номзади арзандаро интихоб намоем, ки муддати 7 соли оянда дар рушду нумуи кишварамон саҳми арзанда гузорад.
Усмон Қурбонов ва Гулчеҳра Наимова оиди дастгирии занону бонувон ва саҳми онҳо дар интихобот ва мувофиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт баромадҳо намуданд.
Ҳамзамон, раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия Пирмаҳмад Каримзода дар фарҷоми ҷамъомад сухан ронд. Ҷамъомади мазкурро Абдуллозода Қурбоншо бо баёни доир ба ин маъракаи сиёсӣ – интихобот-2020 ҷамъбаст карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар рўзи интихобот фаъолона саҳм гузоранд.