Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2020
Дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси ноҳия Файзиддинзода Бунафша маърӯза намуд.
Қайд карда шуд, ки иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимои 108 фоиз таъмин шуда, ба буҷет зиёда аз 38 миллиону 845,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба соҳаҳои буҷетии ноҳия 23,9 миллион сомонӣ маблаѓгузорӣ карда шуда, зиёда аз 70 фоиз маблаѓҳои буҷетӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардид.
Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ба 1419 сомонӣ расидааст, ки нисбати соли гузашта 106 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар ин давра ба маблаѓи 406,2 миллион сомонӣ расида нисбати ҳамин давраи соли гузашта 53,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 323 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии иншоотҳои мазкур 138 адад, яъне 43 фоизи он ба истифода дода шуда, дар 100 иншоотҳо корҳои сохтмонӣ оѓоз гардида, 24 иншоот барои истифода супоридан омода мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 54,6 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 26,5 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд.
Дар ин давра ба соҳаи маорифи ноҳия 12,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблаѓгузорӣ гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 765,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи модди – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони 33 адад муаасисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ дар 9 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад ва 14 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.
Фаъолияти сохторҳои тандурустии ноҳия ба масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона гардидааст.
Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар ноҳия қарори Раиси ноҳия ба тавсиб расида, ситоди ноҳияви ташкил ва ҷаласаҳои он мунтазам баргузор гардида истодаанд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуд.