7.04.2020. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара шинос гардид
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боздиди кори карданад.
Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноњияи Данѓара Рањмон Исломиддин Хайриддин аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дидан намуданд.
Қоҳир Расулзода аз даромадгоҳи нақби обёрии Данғара, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара боздид намуд. Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокї дар ноҳия ҳарчи зудтар бартараф карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан намуд.
Тавре ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, боғи навбунёд дорои сад ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили гелос, олу, себ, зардолу, шафтолу ва дигар намуди меваҳо мебошад. Инчунин меҳмонон аз корхонаи мевахушккунӣ, ки сохтмони он дар айни замон ҷараён дорад, дидан намуданд.
Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳонаш аз беморхонаи сироятӣ барои 200 кас ва бинои Суди ноҳияи Данғара, ки сохтмонашон дар ҳоли анҷомёбист, боздид намуданд.
Дар ҷараёни сафари хеш Сарвазири мамлакат аз корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара дидан намуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад.
Дар ин шабу рӯз корхона истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзун карда, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.
Корхонаи «Фарм Текс» дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.