29.03.2020. Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола».

Баҳри вусъат додани корҳои ободони, бунёдкорию созандаги, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқӣ эстетикӣ зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист, бунёд намудани гулгаштҳо ва бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» гузаронида шуд.    

Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Тибқи маълумотҳо, соли равон дар ноҳияи Данғара 26000 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, инчунин қариб зиёда аз 320000 бех гулу гулбуттаҳо, аз он ҷумла 163 ҳазор адад лола ва кишти майсаи ҳамешасабз гузаронида шуд.