(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023)
Марди таърихсоз
Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.
Муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ба унвони як муҳаққиқ ва нозири дақиқназар ҳамин ҷиддияти рисолат ва зарурати таваҷҷуҳ ба онро солҳост, ки дарк намуда ва дар талоши ҳамкорӣ барои таҳкими пояҳои маориф ва маънавиёти миллӣ ҳаст. Муаллиф бо муруре ба гузашта як қиёси таърихӣ анҷом додааст: «…агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст». Ин ҷо як қиёси шоиронаи Бозор Собир ёд меояд, ки мехоҳад хидмат ва заҳматҳои бузургу бесобиқаи таърихии устод Садриддин Айниро барои миллати тоҷик дар қиёс бо устод Рӯдакӣ бозгӯ кунад ва мефармояд:
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.
Манзури шоир аз ин сатрҳоро аз худи ӯ пурсида будам, ки барои аҳли фаҳм ошност. Қиёси муаллифи муҳтарам низ дақиқан дар ростои ҳамин мантиқ қобили арзёбӣ аст. Ҳамин тавр, Пешвои миллат рисолати таърихии худро аввал бо ҷасорат қабул карданд, дарк намуданд ва ба дурустӣ анҷом доданд. Парчами ҷунбишҳои ба камол нарасида ва ба шикаст мувоҷеҳшудаи миллиро баланд намуда, роҳбарӣ карданд ва бо баланд кардани дасти Исмоили Сомонӣ дар майдони Озодӣ – рамзи қудрати сиёсии тоҷикон ба кӯйи мурод расонида, орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ва дудмони Сомониро бо ин иқдом ба курсӣ нишонданд.
Бидуни шак, метавон гуфт, ки руҳи Куруши Бузург, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ дар симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буруз кардааст. Аз ин нигоҳ арзёбии муаллиф қобили дарк ва дақиқ аст: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад». Бо баёни омиёнатар метавон хулоса кард, ки дар воқеъ як давраи томи таърихи миллати тоҷикро Пешвои миллат сохта ва сабти таърих кардаанд. Аз ин нигоҳ, дар ин баҳси фалсафии муаллиф Инсони таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад
Зимни арзёбии сабаб ва омили шикастҳои пай дар пайе, ки тоҷикон дар дарозои таърих ба он рӯ ба рӯ шудаанд, муаллиф бо ҷасорат ба ин хулоса мерасад: «Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд». Бояд гуфт, ки дар осебшиносии таърихи миллати тоҷик ин назария ва хулосаи бисёр муҳим қобили таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Ҳам таърихнигорӣ ва ҳам оянданигарии мо бояд бар мабнои ҳамин назария ва ҳамин андеша шакл бигирад. Мутаассифона, то кунун ҳеҷ яке аз бузургони мо аз ин манзар таърихи моро мӯшикофӣ ва осебшиносӣ накардааст. Умуман, осебшиносӣ дар соири илмҳои муосир, хусусан, осебшиносии таърих асли муҳим барои ояндаи миллатҳо маҳсуб мешавад, ки дар илми мо ривоҷ надорад. Ин масъала қобили баҳси ҷудогона аст.
Мутаассифона, метавон гуфт, ки тоҷикон дар олами муосир аз ҷумлаи камтарин миллатҳое ҳастанд, ки «фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур», балки ба тақдир ҳавола кардаанд. Мушоҳидаи муаллиф дар мавриди қиёси мизони динзадагии миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам қобили таваҷҷуҳ ва дақиқ аст: «… барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?».
Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат дар ин миён мо танҳо миллате ҳастем, ки аввал ба ақида ва дини худ менозем, баъд ба миллати худ. Дар аксари маврид миллатро муҳим намешуморидем ва намешуморем. Хусусан, барои аҳли таассуб ва хурофот дар тӯли таърих миллат ва давлат муҳим набуд ва имрӯз ҳам нест. Он ки аз давлат гоҳе имрӯз ҳам ҳимоят мекунанд, аз рӯйи риёст, на вафо ва садоқат.
Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омили суқути ҳамаи давлатҳои миллии тоҷикон, чӣ то исломӣ ва чӣ замони исломӣ динзадагӣ ва ҳамон ҳаволаи оянда ба тақдир буд ва ҳаст. Имрӯз ҳам дар андешаи аксари кулли диндорон ҳамин ақида чира аст, ки дар сурати ҳамлаи як кишвари исломӣ оё мо ҳаққи шаръии ҳимоят аз худро дорем ё не? Ин тоифа дар асли худ ба ақидаи давлат-миллат боварманд нестанд. Ва дар ҳавои 1400 соли пеш ба сар мебаранд. Ин ҷо бояд ҳатто зикр намуд, ки дар таҳти шуури баъзе аз афрод ҳатто андешаи хилофатхоҳӣ ҳам зинда аст. Яъне андешаи ДИИШ-ӣ, ки аз маҷрои сиёсӣ тавассути қудратҳои фароминтақавӣ обёрӣ ва фарбеҳ шудааст.
Ҳатто сабаби иқтидори сиёсиро аз даст додани тоҷикони Афғонистон, ки наздики даҳ сол (1992 – 2001) қудратро дар ихтиёр доштанд, пойбандии беш аз ҳади онҳо ба арзишҳои динӣ назар ба андешаи миллӣ буд. Баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд маълум гашт, ки танҳо тоҷики соҳибнуфузе, ки «фардои худро ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур» вобаста медонист, ба иқтидори сиёсӣ барои бақои миллат бовар дошт, шахси Аҳмадшоҳи Масъуд будааст. Баъди вафоти ӯ дар ҳамсоякишвар ихвониҳо андешаи «қудрати сиёсӣ»-ро ба ақидаи «тақдири илоҳӣ» иваз намуданд.
Иттифоқан, тоҷик шояд танҳо миллати соҳибдинест, ки на аз дини миллии худ ва на аз динҳои дигаре, ки дар дарозои таърих ба ӯ таҳмил шуда, ҳаргиз ба нафъи бақои миллӣ фоида наҷустааст. Балки динхӯйӣ дар ин муддат барои давлатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ кушанда воқеъ шуда ва имрӯз ҳам бузургтарин таҳдид ба ҳастии давлат динзадагии афрод ва ба хислати фардӣ табдил шудани он аст. Дар дараҷаи аввал хатари ба хислати фарогир табдил шудани ҳамин зуҳурот вуҷуд дорад, ки он гоҳ ба таҳдиди билфеъл барои вуҷуди давлати миллӣ низ табдил хоҳад шуд.
Ин дугонагии тафаккур садсолаҳост, ки думболагири афроди миллат аст, ҳоло ман дар худам ин ҷуръатро суроғ надорам, то бигӯям, он хислати миллии моро ташкил медиҳад, аммо шодравон Лоиқ Шералӣ бо дарки умқи масъала ва вусъати пайомади он, ин ҷасоратро дошт, ки гуфта буд:
Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.
Вақте яклахт мешавем, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури воҳид, усули тафаккури ягона, на бегона дошта бошем, то он замон миллат намебошем. Ин давоми ҳамон андешаи шоири дигари забони тоҷикии форсӣ Муҳаммад Иқбол аст, ки бовар дошт:
Миллат аз якрангии дилҳостӣ,
Равшан аз як ҷилва ин синостӣ.
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддао бояд яке.
Аз ин манзар, хулосаи муаллиф роҷеъ ба аҳамияти усули ташаккули андешаи воҳиди миллӣ, қобили таваҷҷуҳ аст: «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».
Албатта, мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмуи ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ муайян мекунанд, сохта мешавад. Ва тафаккури дунявӣ, ки ба ҳайси як ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир ҷой уфтодааст, реша дар хиради тоҷикӣ ва ориёии мо, дар биниши миллии мардуми мо дорад. Хиради тоҷикӣ, ки бар мабнои таҷриба, бовар ва ҷаҳонбинии гузаштагони мо ташаккул ёфта буд, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ, барои ҳифзи асолати миллӣ дар марҳилаҳои мухталифи сарнавиштсози таърих мусоидат намуд.
Дар боварҳои куҳани миллии мо масъалаи давлатсозӣ ва иштироки мардум дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони асл матраҳ мебошад. Мувофиқи боварҳои миллии мо, низоми сиёсӣ бояд бар мабнои мафҳум ва қарина (консепсия)-и ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфта бошад. Ин ҳама падидаест, ки муаллиф онро дар хусусияти давлати миллӣ ва сифатҳои шахсии Пешвои он пайдо намудааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ… батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».
Албатта, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид ва ба он посухи муносиб дод, то дар роҳи расидан ба рифоъ, тавсеа ва ҳамзамон ташккули як хислат ва як тафаккури воҳиди миллӣ ё ба ибораи шоир «яклахт сохтани миллат» ҳамовозӣ ва кумак кунем.
Хирад, – яъне дониш, фаросат, огаҳӣ, ҳуш, дарк, зиракӣ, дарёфт ва тадбир, (Шарофатномаи Мунирӣ, Анҷуманорои Носирӣ, Деҳхудо) бо усулҳои аслии дунявият мисли илмгароӣ ва инсонгароӣ созгорӣ дорад. Бинобар ин, талоши ба ҷойгоҳи худ бозгардонидани хирад ва озодсозии зеҳни миллӣ аз ишғоли таърихӣ вазифаи муқаддас аст. Зеро вақте «бахти араб бар Аҷам чира шуд», хирад ва хирадварзӣ ҷойи худро ба ақлонияти динӣ ва тақдири аз пештайиншуда дод. Фард озодиву қобилияти зояндагии фикрӣ ва миллат руҳияву иқтидори ҷаҳонкушоии худро бохт. Аз ин нигоҳ, хулосаи муаллиф саҳеҳ ва қобили дарк аст: «Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ – ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест. Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад».
Ин ҷо суханони машҳури нависандаи бузург Лев Толстой ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Бадбахттарин ғулом инсонест, ки хиради худро ба ғуломӣ додааст ва чизеро воқеият мепиндорад, ки хирадаш онро қабул надорад».
Акнун дар ин маврид муносибат ба масъалаи мазкур муҳим аст. Бояд эътироф кунем, ки ғуломон дар фикри озодӣ нестанд, ин инсонҳои озода ҳастанд, ки ғуломонро озод месозанд. Бинобар ин, вазифаи давлати миллӣ дар симои маориф ва барномаи таълим иҷрои ҳамин вазифаи муҳим аст. Мутмаинан, агар давлати Сомониён ҳазор сол пойдор мемонд ва ё давлатҳои дигари миллӣ идома мекарданд, мо ҳоло ба як марҳили дигаре аз ғурури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ расида будем. Ба ин маънӣ дарк, бардошт ва хулосаи муаллиф аз иллат ва сайри таърихии таҳаввули фикри миллӣ саҳеҳ аст: «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст».
Аммо бояд эътироф кунем, ки он чизе дар садсолаҳо шикаста шуда ва зарба хурдааст, то ин ки тармим шавад, роҳи дароз дорад. Яъне заҳмати зиёд мехоҳад, то дубора, хирад ва хирадварзӣ, ҷойи таваккал ва тақдирпарастиро бигирад. Дар ҳар сурат, масъалаи муҳим барои мо боз гардонидани хирад ва ё бозгашти мо ба хирадварзист. Ин вазифаи муқаддаси мактаб аст. Зиёиён ва олимон бояд дар ин масъала ба давлат кумак кунанд.
Масъулият ва буҳрони бекифоятӣ
Бидуни шак, мактаб курраи миллатгудозӣ, шахсиятсозӣ аст. Он чӣ мебинем ва он чӣ дорем, маҳсули мактаб аст. Тавре муаллиф зикр намудааст, «Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест».
Агарчи дер, аммо бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба профессори муҳтарам, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Саймумин Ятимов барои таваҷҷуҳе, ки ба китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» зоҳир намуданд ва тақризи фарогир, ширкат ва суханронияшон дар муҳокимаи китоб, изҳори сипос ва миннатдории самимии муаллифонро изҳор намоям. Маҳз тақриз ва тавсияи мазкур буд, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» мутобиқ ба таъйинот ва рисолати аслии худ таҳия ва ислоҳ шуд.
Инҷо ба ҷузъиёти нуктаҳои мавриди баҳс дар китоб намепардозам, танҳо бояд гуфт, ки эродҳои профессори муҳтарам дуруст ва усулӣ буданд. Аммо як нуктаеро мехоҳам ёдоварӣ намоям, ин аст, ки дар лоиҳаи аввалияи бархе саҳифаҳои он китоб, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, воқеияти тарзи тафаккури ҷомеаи илмӣ ва умуман андешаи дугона дар зеҳни ҷомеаи мо ба намоиш омада буд. Зеро мо ҳудуди 70 тақриз аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо (роҷеъ ба муҳтавои ҳар боб то 3 тақриз) гирифтем. Он ҳам баъди ислоҳ ва таҳрир, ки ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи таҳиягар анҷом додем. Ҳеҷ муқарризе ба масъалаи тарзи ҷаҳонбинӣ ва зикри масъалаҳои усулӣ дар китоб изҳори назар накард. Баръакс, муаллифонро дар баъзе маврид ба эҳёи дидгоҳи замони Шӯравӣ дар нисбат ба масъала муттаҳам месохтанд.
Бинобар ин, муаллифи муҳтарам вазъиятеро, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ ва мушкилеро, ки дар ҷаҳонбинии муаллифон ҷой дорад, инчунин сабаб ва омилҳои вазъияти мавҷудро ба тафсил таҳлилу матраҳ намудаанд. Ба он чизе изофа намудан мушкил аст. Ҷойи баҳс ҳам надорад. Фақат бояд афзуд, аз нигоҳи осебшиносии маориф ё низоми омӯзишу парваришро ба ин вазъият «буҳрони бекифоятӣ» (incompetence crisis) метавон гуфт. Ин як амри табиист, бояд онро эътироф кард, осебшиносӣ намуд ва барои ислоҳи он ирода варзид.
Ба қавли А. Эйнштейн, «бидуни буҳрон, озмоишҳои ҷиддӣ пушти сар намешаванд. Ва буҳрони аз ҳама воқеӣ буҳрони бесалоҳиятӣ аст». Бояд гуфт, ки ин фақат мушкили нависандагони китобҳои дарсӣ нест. Ин ба як мушкил барои идораи муассисаҳои маориф, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ низ табдил шудааст. Яъне мушкил ин ҷо умдатан мушкили адами кадрҳои шоиста, огоҳ ва боиродаи миллист.
Муаллиф, зимни натиҷагирӣ аз пажӯҳиши худ роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала, аз ҷумла таъкид мекунад: «Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтадбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд».
Албатта, мутлақо дуруст аст, вале бояд фақат афзуд, ки хуб мебуд, онҳое низ, ки «ба ҷалби олимон барои навиштани китобҳои дарсӣ машғуланд», яъне масъулини соҳа ҳам донишманд, худогоҳ, хештаншинос ва хирадситойю бо дарки амиқи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва босалоҳияту бокифоят бошанд. Инҷо масъулият миёни муаллифон ва масъулин баробар тақсим аст, балки бори масъулият ва рисолати масъулон бештар аст.
Бинобар ин, роҳи берунрафт аз ваъзият кумак хостан ва боварӣ кардан ба қишри боирода, соҳиби андешаи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, босалоҳияту бокифоят, шинохтан ва гумоштани онҳо ба идора ва роҳбари муассисаҳои маориф, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ мебошад.
Он гоҳ метавонем ба тарбияи шоиста ва ба камол расонидани насли худогоҳ, миллиандеш, хирадгаро ва бокифояту босалоҳият, ки бақои давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллатро тазмин намояд, умед бибандем ва дар татбиқи роҳнамоиҳои Паёми Пешвои муаззами миллат саҳм бигирем.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code