Нашри эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба сархатти хабарҳои пойгоҳи созмони «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» табдил ёфтааст.

Сарчашмаи хиёнат ҳамин муллопарастии фардии миёнаоморист. Ҳадафи аслии баъзе қишрҳои ҷомеа аз он иборат мебошад, ки хами абрӯйи муллоро аз рифоҳу осоиштагии ҷомеа болотар донанд ва бо воситаи «қадам ба қадам» табақаи руҳониятро ба монанди ҷомеаҳои мазҳабзада барҷаста месозанд.

Раҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, ҳарчанд маълум аст, ки аз ҳар чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд.