Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон ва хиёнаткорону зархаридон бо истифода аз воситаи нақлиёт ва олотҳои буррандаю халанда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, чор нафари онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Хабари ҳамла ва ҷинояти бераҳмонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз ҷониби гурўҳи ҷавонони номард ва хиёнаткор, ки пайравони ТТЭ ҲНИ буданд, сурат гирифта буд. Ин ҷинояти вазнину сангин ва амалҳои ғайриинсонию манфури онҳоро ҳамон замон на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли сокинони кураи арз шадидан маҳкум намуда буданд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2018 дар Точикистон аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф аз чунин эълон гардидани сол, пеш аз ҳама, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳанги миллат ба ҷаҳониён ва ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Мусаллам аст, ки дар кори ин ҷиноят дасти душманони давлату миллат расидаву бо ин кирдори ноҷавонмардонаи худ симои миллатро ба ҷаҳониён манфӣ муаррифӣ кардан, дида натавонистани пешрафту шукуфоии Ватани азизи мо ва паст намудани обруву манзалати халқи меҳмоннавози тоҷик мебошад.
Тамоми мардуми Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву оқилонаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида, муроҷиати Сарвари давлатро ҷиҳати риояи эҳтироми хоса, муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон комилан ҷонибдорӣ намуда, зуҳури ҳама гуна бадбиниву хиёнат ва ҷинояткориро ба сайёҳони меҳанамон маҳкум менамоянд. Вале, ҷиноятпешагону ҷинояткорон ва тангназарону кўрдилони наҳзатӣ ин ваҳдату муттаҳидии миллатро халалдор намудан мехоҳанд.
Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки ташкилкунандагон ва ҳомиёни ин гурўҳи ҷиноятӣ ва қотилон ТТЭ ҲНИ буда, амали ин гурўҳи ҷиноятпеша латмаест ба обрўи миллати сулҳпарвару меҳмоннавози мо. Тамоми халқи шарифи Тоҷикистон аз ин ҷинояти содиршуда хеле сахт нороҳат гардида, онро шадидан маҳкум намуданд ва ҳамеша чунин амалҳои ноҷавонмардонро ҷиддан танқид мекунанд.
Яке аз чунин тангназарону кўрдилон ва нохудогоҳону худбохтагон Ҳусейн Абдусамадов мебошад, ки роҳбари гурўҳи ҷиноятии ҳамала ба сайёҳонро бар уҳда дошт. Имрўз, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ин инсонсурати ҳайвонсиратро бар ин ҷинояти даҳшатбору ваҳшатнокаш ба ҳабси абад маҳкум намудааст, доду войи террористону экстремистони фирории ТТЭ ҲНИ ба фалак хест. Бояд гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар ҳанўз ҳам ба ин заҳҳокпешагону аҳримансиратон раҳм кардааст. Зеро барои чунин амали пастфитратонаю разилона дар баъзе кишвархои дигар хукми қатл пешбини шудааст. Ҳамзамон, на танҳо Ҳ.Абдусамадов, балки ҳама он 11 нафар – Беҳрўзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, бояд котеъона чазо дода шаванд. Чунки онҳо меҳмонони кишвари моро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва бо ин амалашон обрўю нуфузи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба поён бурдани буданд. Аз ин рў, фаъолони нахзати, ки чунин амали нангинро ба ин чавонон супориш додаанд, бояд дастгир ва махкум ба чазои мувофик карда шаванд.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар