Мардуми Тоҷикистон бесаброна воқеаи муҳими аср – ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Хурду бузург ба ин рӯзи бобаракат расиданро солиёни зиёд орзу мекарданд. Дар ин ҷашни фархундаи халқи тоҷик фардо меҳмонони олиқадр аз гӯшаву канори олам гирд омада, шодию сурури моро бо ҳам қисмат мекунанд. Коргару деҳқон ва зиёиёни тоҷик аз таҷрибаи рӯзгор ба хубӣ дарк намудаанд, ки воқеан ҳам неруи барқ дар кишвари обшори мо қувваи асосиест барои пойдорӣ ва зистан.

Роғун дар минтақа барои инкишофи истеҳсоли қувваи барқ дар замони муосир марҳилаи навтарин аст. Ин сохтмони мураккаб ва мушкилписанди техникӣ гувоҳи камолоти бунёдгарони НБО-и мост.

Дар бораи моҳият, аҳамият ва зарурати НБО-и Роғун дар ҷумҳурӣ ва минтақа чӣ қадаре ки гӯему нависем, китобҳо пур мешаванд, вале ҳамаи онро дар рӯи сафҳа овардан ғайриимкон аст. Ҳоло ҳар як сокини кишвари офтобии мо ба гузашта назар андохта, метавонад бо ифтихор бигӯяд, ки халқи тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо мададу дастгирӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат диёри худро ба ҷумҳурии мутараққии муосир табдил дод. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки ин рӯйдоди муҳим хори чашми душманонамон хоҳад буд. Душмани бегона на, балки душмане, ки барои дидани комёбиҳову пешравиҳои ватани азизамон кӯр гашта, дар шаҳрҳои бегона камин гирифта, ҷонибамон ҳар замон сангпартоӣ мекунад. Ба хоҷагони аҷнабӣ хизмат карда, мардуми шарифи Тоҷикистонро аз минбарҳо сиёҳ мекунад, то зиндагиашро пеш барад. Тӯдаи мунофиқине, ки дар атрофи ӯ ҷамъ гардида, таги табақи ӯро мелесанд, хиёнатро пеша намуда, дар ҳаққи мардуми заҳматкаши тоҷик бадгӯиҳоро раво мебинанд.

Аз таҷрибаҳои солҳои охир мавқеи душманонаи Муҳиддин Кабирӣ- роҳбари фирории ҳизби мамнӯи наҳзат нисбат ба Тоҷикистони азизро хуб мешиносам. Нафаре, ки барои ободии Тоҷикистон сангеро болои санг нагузоштааст, ҳаққи муҳокимаи ин ҷои муқаддасро надорад.

Фардо, вақте ки Тоҷикистони офтобӣ бо нури Роғун дучанд мунаввар гардид, Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъе аз косалесонаш ин ҷашнро чӣ гуна арзёбӣ мекарда бошад? Бо гиряву оҳ? Бо либоси мотам? Ё бо заҳрхандаи хоси худ? Ин дигар барои мо аҳамияте надорад.

Нури Роғун зулмоти таърихро аз байн мебарад. Зулмотеро, ки Кабириву ёронаш замоне ба сари мардуми заҳматкаши тоҷик оварда буданд. Онҳо мехостанд ин кишвари биҳиштосоро аз нур маҳрум созанд. Мисли Эрон – кишваре, ки сарпарастиашон мекард, мехостанд занону модарони моро зери пардаи зулмот бикашанд, аз рӯшноӣ маҳрумашон созанд. Хиёнаткоронро парварида, мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба вартаи ҷанг бикашанд. Вале, хушбахтона тирашон хок хурд. Қувваи некӣ бар бадӣ ғолиб омад. Нақшаҳои аҳриманонаи Кабириву ёронаш барбод рафт.

Инак, фаро расид лаҳзаи нур, ободӣ, пирӯзӣ. Фардо дар кишвари мо тӯй барпо мешавад. Ин оғози пирӯзиҳост!

Зиёвиддини Авлиёпур

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code