Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ рушду инкишоф ёфта, мақом ва манзалати назаррасеро дар фазои геополитикии олам соҳиб шудааст. Дар муддати начандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Аммо, бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оваранд. Ин афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд. Чанде қабл дар сомонаи мутааллиқ ба Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ баёнияе доир ба вазъи ВМКБ аз тарафи аъзои созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон», аммо дар асл ТТЭ ҲНИ чоп шудааст, ки далели гуфтаҳои болост. Мақсадашон аз бозтоби вазъи Бадахшон афкори нопоки хешро бар сари мардум бор кардан аст. Мо тасмим гирифтем, ки чанд нуктаро доир ба ботил будани андешаҳо дар ин баёния ва нияти барангехтани бадбиниву ноором сохтани фазои кишвар аз тарафи муаллифони ин баёния нишон диҳем:
Дар ибтидои баёния омадааст: «мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшонро дар пай дорад». Ин «кушту кушторҳо» аз нияти бади ин хоинон ва чизе, ки онҳо барои миллати тоҷик мехоҳанд, шаҳодат медиҳад.
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ муҳаббат доранд. Зеро маҳз ин шахсияти тобноки таърих буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод, бо хиради азалии хеш дар замони сангини таърих аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одами бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашт намуд.
Муаллифони ин баёния кӯшиш кардаанд, ки вазъияти кунунии ВМКБ – ро хеле муташанниҷ нишон диҳанд ва гӯё давлат «артиш ва неруҳои вижа» – ро «алайҳи шаҳрвандони худ» истифода бурдааст, ки ин ба ҳақиқати ҳол рост намеояд. Дар ВМКБ, на танҳо алайҳи шаҳрвандон, балки бар зидди ҷинояткорон ягон қувва истифода нашудааст. Барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ тамоми мардум ба ёрии мақомоти давлатӣ камари ҳиммат бастанд ва муваффақ ҳам шуданд. Мардуми Бадахшон ҳамеша бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза бурда, барои пос доштани сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон талош менамоянд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.
Аз ин лиҳоз, имрӯз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан, мо – ҷавонони шарафманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шавем ва ҳаргиз нагузорем, ки аз номи миллати мо чанд тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ сухан гӯяд.
Хасанов Чамшед
омузгор