Агрегати 1-уми НБО «Роғун» сохта ва ба истифода дода шуд. Мо «чун дар гирдоби саҳрои ғам» овора. Ҳукумат агрегат месозад, мо наҳзатиҳо и компания кулух мебарорем, чирку чаталро ривоҷ медиҳем, фикри биёбонии қабилавиро роиҷ мегардонем.

Мо муҳоҷирони наҳзатӣ эзор ва тунбони афғонӣ содир мекунем. Ҳукумат тӯй дорад, мо мотам. Ҳукумат месозад, мо месӯзем. Ҳукумат Ватанро ободу моякҳо онро хароб мекунем. Ҳукумат ватандор аст, мо наҳзатиҳо ва сомонаҳои вафодорамон вайронкор. Ҳукумат меҳмон даъват мекунад, мо дар ғарибӣ хонае надорем, ними танамон ҷой гирад.

Чун тинати харобкорӣ дорем, 2-3 торикфикраки чоплусаки муханнасро ба ном равшанфикр дар гирди худ ҷамъ овардем. Ғайбатхона ба номи паймони зиддмилӣ дар дили Европа ташкил кардем. Руфтем, шикастем, сухтем.

Ҷанбаи хориҷии фаъолиятамон аз шарманда кардани миллати тоҷик аст. Чун гадо дастамон дароз аст ба сӯи ҳар соҳибкори калон. Гадо чун аз як дар бигзарад,шарми рӯяш мепарад.

Дар қахти ҷуд обрӯи худ нафурушанд,

Бодаву гул аз баҳои хирқа хариданд.

Ҳамаро фурухтанд, кӯҳро ба коҳ иваз карданд. Арзиши ҳувияти точикро ба гадоманиӣ паст заданд.  Муллоҳо дар дискотекаи мамолики ғарб роҳ ёфтанд. Биҳиштро он ҷо ёфтанд. Аз ҷаннати ухравӣ фаромӯш карданд. Ҳурони биҳиштиро дар Порису Хелсинки ёфтанд. Иқтибосҳои наҳзатиҳои имрӯза бо фаромӯшӣ рӯ ба рӯст, дар суҳбатҳояшон аз навмаркистҳои аврупоӣ гап мезананд, ба мисли Ҳайдегер, Попер ва Вебер. Дигар амри маъруфҳои тӯлонӣ ҳама фаромӯш шудааст. Наҳзат дунявӣ фикр мекунад. Наҳзат пешсафи муборизаи иделогии доиш шудааст. Дар байни 2 оташ: охундҳо ва доиш мондааст. Кучо мерафта бошад?

Ана боз хабари Роғун ба гӯш мерасад, ки мотаму сугвории моро афзун мекунад ва ба торҳои номубораки мо нохун мезанад.      

Ҳукумат «чу меъмор дар пайи таъмири вайронаҳо мебошад. Чун оппозитсия вайрон кард, ҳукумат онро ислоҳ хоҳад кард.

Ҳукумат имрӯз Роғун, фардо НБО Даштиҷум. ҲНИ имрӯз фирор ба Европа фардо ҷанг дар Афғонистон. Кадом хуб аст, худ қазоват кунед.         

      Раёсати пештараи олии ТТЭ ҲНИ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code