Ахиран сомонаи ифротии «Кимиёи саодат» мусоҳибаи хабаргузории «Tasnimnews»-ро бо «коршинос» Хурсанд Хуррамов таҳти унвони «Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оғохон бошад» интишор дод. Ин нафар хостааст ба масоили ахири Бадахшон расидагӣ намуда, дар робита бо он изҳори назар кунад. Ба изҳориназарҳои Хурсанд Хуррамов, ки ба манфиати наҳзатиҳост, иҷмолан посух медиҳем:

1.Дар ҳама гуна мусоҳибаю таҳлилҳое, ки аз сўйи ба истилоҳ, назарияпардозони берунӣ, минҷумла коршиносони наҳзатӣ сурат мегиранд, як нуқтаи калидӣ ба назар гирифта намешавад ва он, бешубҳа, надонистани авзоъ ва дуруст ташхис карда натавонистани ҳолати сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию мадании минтақа мебошад. Дар ҳамин нуқта аст, ки каҷфаҳмию инҳирофот дар таҷлилу баррасиҳо мушоҳида мешавад ва хонандаро дар фаҳмиши масъала ба гумроҳӣ ва сўйитафоҳум мебарад. Ин бори аввал нест, ки ба ном коршиносону таҳлилгарони хориҷӣ, ки ба ин ва ё он восита ба наҳзат иртибот доранд, дар масъалаи Бадахшон аз ҳассосиятҳои маҳаллӣ ва мазҳабӣ кор мегиранд, то авзоъро муташанниҷ сохта, ихтилофотро миёни мардум ва мақомоти давлатӣ барангезанд. Агар ба навиштаҳои расонаҳои наҳзатӣ ва ба ном мухолифини давлатӣ дар як моҳи ахир таваҷҷуҳ намоем, ин нукта равшан мешавад ва василаҳои ангезиш ва ё дақиқтараш, барангехтани ҳассосиятҳои мазҳабӣ ва маҳаллӣ худ аз худ маълум мегарданд.

2.Зимнан, ҳазорон маротиба Сарвари давлат ва масъулини Ситоди байниидоравии таъмини амният таъкид намудаанд, ки алайҳи мардуми ВМКБ ягон амалиёти низомӣ тарҳрезӣ нашудааст ва мубориза танҳо бо гурўњњои љиноятї, ки солњои сол вилоятро тањти нуфуз ќарор дода, беќонунию беадолатиро ривољ додаанд, љараён мегирад. Њатто Сарвари давлат дар мулоќоти ахирї, ки моњи сентябри соли љорї бо фаъолони шањри Хоруѓ доир карда буданд, ба масъулини маќомоти марбутаи давлатї мурољиат карда, љиддан таъкид намуданд, ки бо такя ба мардум метавон бар беадолатињои ду-се љинояткор пирўз шуд. Аз сўйи дигар, зери суол бурдани амнияти минтаќа аз љониби ду-се љинояткори мањаллї дар шароити буњрони сиёсию амниятии кишвари њамсоя (манзур Афѓонистон аст) њассосиятњои амниятиро ба вуљуд меоварад. Таъмини амнияти минтаќа дар њоле ки гурўњњои тундраву ифротї дар марзњои Тољикистону Афѓонистон хатар эљод мекунанд, кори сањлу осоне нест. Имрўз амнияти минтаќа аз авлавияти вежа бархўрдор аст ва маќомоти ќудратии љумњурї сари ин масъала тамаркуз кардаанд. Дар чунин вазъияти њассос ќатъи фаъолияти љиноятии гурўњњои љинояткори ВМКБ дар кўтоњтарин фурсат зарур мебошад. Бо таваљљуњ ба ин, Сарвари давлат мардумро такягоњи асосї дар њалли мушкилоти вилояти мазкур арзёбї намуданд, аммо расонањои хориљї дар симои коршиносони иѓвогари нањзатї ин масъалаи умумиро хусусї карда, бар асоси тањрифи њаводис иѓвоангезиро оѓоз бахшиданд ва то имрўз масири иѓвогариро дар мавзўи Бадахшон њамчунон идома медињанд.

3. Масъалаи гузаронидани амалиёти низомї дар минтаќа бофтаю сохтаи гурўњњои манфиатхоњи дохилию берунї аст. Агар давлат мехост ва зарур мешуморид, ки дар минтаќа амалиёти низомї иттифоќ биафтад, њатман дар ин замина тасмимоту тадорукоти љиддї рўйи даст мегирифт ва аз касе њам сари тарс надошт. Иттифоќан, давлат ва маќомоти марбута ба касе ё маќоме њисобот намедињад, ки чи гуна бар зидди љинояткорї мубориза барад. Ин аст, ки аз ибтидо масъала њалли мушкилоти дохилии кишвар буд ва он њалли тадриљииашро ёфтааст. На дар гузашта ва на имрўз давлат дар масоили њалли мушкилоти дохилї алайњи мардум аз силоњ кор нагирифтааст ва нахоњад гирифт. Аммо бар зидди гурўњњои љиної амалиёт гузаронида шуда ва мешавад ва ин љойи пинњонї надорад. Дар тамоми дунё давлат муќобили гурўњњои муташаккили љиної мубориза мебарад ва манофеи миллию давлатиро њимоят мекунад. Бадахшон марзу бум ва хоки аљдодии мост ва мардуми ин минтаќаи зебо њаргиз зидди манофеи миллию давлатї набаромадаанд. Дигар ин ки чаро давлат ва Њукумат бар зидди мардуми Бадахшон, ки љузъи људонопазири кишварамон мебошад, амалиёти низомї гузаронад? Маќомоти давлатї алайњи чанд нафар љинояткори минтаќа, ки номи мушаххас доранд, мубориза мебарад. Агар љинояткор намефањмад, давлат аз методикаи зўр ва усули маљбуркунї истифода мебарад. Аз ин лињоз, маќомоти марбутаи давлатї рўйхати љинояткоронро рўйи даст доранд ва бо онњо дар асоси муќаррароти ќонунї бархўрд мешавад. Аз ин навъи бархўрд њангома сохтан ва дар мусоњибањои расонаї аз он муѓризона интиќод кардан кори нотавонбинон аст.

4. Гурўњи 7-нафара, ки мусоњиб аз онњо ба унвони ашхоси таъсиргузори минтаќа ном мебарад, миёни мардуми Бадахшон њељ гуна эътибору нуфузи баланд надоранд. Мардуми Бадахшон, ѓолибан онњоро ќабул надоранд ва дар пушти ин нуфузсозињо доирањои муайян истодаанд. Аммо ин нукта љолиби таваљљуњ аст, ки ин нафарон солњои сол миёни гурўњњои љиної нуфуз доштаанд ва тавассути яроќу аслиња салтанат мекардаанд. Чун ќудрати ќонуну тартибот дар минтаќа љиддї эњсос гардид, љинояткорон аз нуфузи ќаблї мањрум монданд. Њамин аст тамоми мољарои Бадахшон.

5. Матолиби расонањои нањзатї ва матлаби ахирї, ки дар ќолаби мусоњибаи расонаї интишор ёфтааст, симои аълоњазрат Оѓохонро дар њалли ба истилоњ конфликт бањудаю бењуда расонаї мекунанд. Њол он ки аълоњазрат Оѓохон ба ин мушкили дохилї, аслан чї рабте дорад? Пойи аълоњазрат Оѓохонро васати масъала кашидан дар доираи манофеи гурўњњои иѓвогар меѓунљад, зеро ки онњо мехоњанд, аз ин навъи мушкили муќаррарии дохилї сўйистифода намоянд ва тавтеањои нав ба нав дуруст кунанд. Мусоњиб Хурсанд Хуррамов њадсу гумонњоеро дар муносиботи Сарвари давлат ва Пешвои исмоилиёни љањон матрањ мекунад. Аммо он чи ки мусоњиб арз медорад, танњо њадсу гумонанд. Аз муносиботи хуби Сарвари давлати Тољикистон ва аълоњазрат Оѓохон тамоми мардуми Бадахшон огоњ аст ва пояњои муносибот дар тўли солњои дароз устувортар шудааст. Пешвои исмоилиёни љањон кори дигар надорад, ки ба њар гуна ќазияи росту дурўѓ дахл кунад ва ваќти ќиматашро барњадар бидињад. Ташриф наовардани ўро ба минтаќа нишони эътироз донистан иштибоње беш нест. Давлат ва Њукумати Тољикистон њамеша ба ин симои бузурги сиёсию фарњангї арљ мегузорад ва иќдомотеро, ки солњои тўлонї дар Бадахшон пиёда кардааст, њаргиз фаромўш намекунад. Ва аммо гурўњњои манфиатхоњ њатман ба ин масъала «расидагї» мекунанд ва љињати афрўхтани оташи ихтилофоти мазњабї ва мањаллї аз политтехнологияи дасисаю дурўѓ истифода мебаранд.

6. Вокуниши мақомоти ИМА дар қазияи Бадахшон натиҷаи тањлилњои тими тањлилї-ташхисии давлат аст. Фикр намекунем, ки дар тасмимоти маќомоти зиддахли ИМА дасти дигаре бошад. Бар илова, ИМА дар фењристи ќудратњои љањонї дар радаи аввал ќарор дорад ва дар гирифтани тасмимот ва баёни вокунишот ба марљаоти тањлилї-коршиносии худї такя менамояд. Ин аст, ки версияи Хурсанд Хуррамов инљо нобаљост.

7.Дар охири мусоњиба Хурсанд Хуррамов ба натиљаи дуруст расидааст, ки «қазияи Бадахшон ба осонӣ ҳал хоҳад шуд ва то ин дараҷа буҳрон шиддат намеёбад». Воќеан, масъалаи Бадахшон, аслан ба ќазия монанд нест ва онро ба унвони «ќазия» муаррифї кардан чандон дуруст наменамояд. Масъала дар доираи салоњияти маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва Ситоди байниидоравии таъмини амнияти минтаќа мањдуд шудааст ва аз он њангома сохтан ба дарди касе намехўрад (ба љуз њангомасозони хориљї ва баъзеи доирањои сиёсї). Муњимтар аз ин, мушкили љинояткорони Бадахшон мушкили дохилист ва дар доираи умури дохилї ва мањаллї ба таври тадриљї њал хоњад шуд.

Фаридун Ориёӣ, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code