Чунон ки маълум аст, ҳар нафаре, ки бо пули ҳаром фарзанд бавоя мерасонад, ҳатман фарзанди касоф ва хоини миллат мешавад. Биоед як бор ба ҳаёти шахсии Муҳаммадсаид Ризоӣ ва хонаводаи ӯ назар намоем. Муҳаммадсаид Ризоӣ аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат буда, фарзанди ӯ Нуриддин Ризоӣ аъзои ташкилоти террористии “Гуруҳи 24” ва фарзанди дигари ӯ Ғаниев Сироҷиддин (Ризоӣ) то ҳол дар кадом ташкилот воридшуданашро қарор қабул накардааст. Қобили зикр аст, ки ду созмони террористӣ наҳзат ва Гуруҳи 24 миёни якдигар ихтилофҳои шадид ақидавӣ ва молӣ доранд, вале бояд ба инобат гирифт, ки падар Муҳаммадсаид Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии созмони террористии наҳзат ва писар Нуриддини Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии ташкилоти террористии “Гуруҳи 24” фаъолият менамоянд. Пас хулоса бояд намуд, ки миёни падари номуҳтарам ва фарзанди нохалаф ихтилоф шадид вуҷуд дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Сироҷиддин Ғаниев писари хурди на аъзои наҳзат аст ва на аз “Гуриҳи 24” аз амали мазкур бармеояд, ки падари “бузургвор” ва бародари “бузург” натавонистан Ғ.Сироҷиддинро ба худ моил созанд ва эҳтимол дорад, Сироҷиддин ба хатоии падар ва бародар ҳамроҳ намегардад.
Аммо аҷиб он аст, ки Нуриддин Ризоӣ, ки касе ӯро ҳатто дар хонаводааш гуш намекунад, аз минбари “баланди” САҲА мехоҳад миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иғво андозад. Албата ба сухани ӯ ҳато бародараш Ғаниев Сироҷиддин ва ҳамсараш гуш намедиҳад, ҳатто падараш низ ба ҳоли ӯ механдад.Чун гуфтаҳои фарзанди номуҳтарам комилан нодуруст аст, Нуриддин ҳатто намедонад, ки миллати падараш ӯзбек ҳаст. Гузашта аз ин, аз гуфтаҳои Нуриддин Ризоӣ бармеояд, ки ӯ ҳатто аз таърихи Тоҷикисттон хабар надорад, зеро аз рӯзи истиқлолият инҷониб боре ҳам миёни миллатҳои гуногун нофаҳмиҳо рух надодааст. Дар Тоҷикистони азизи мо ананаи хеле хуб урфӣ ҷорӣ шудааст, ки ҳатто эҳсосо намегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллатҳои ӯзбек, туркман, рус, араб, қирғиз ва ғайра ба сар мебаранд. Гузашта аз ин, миёни миллатҳои мазкур хонадорашавии духтарон ва писарони ҷавон байни якдигар авҷ гирифртааст, ки аз дӯстии қавии он миллатҳо дарак медиҳад.
Албата шаҳрвандони мо хуб дар хотир доранд, ки Нуриддин Ризоӣ бо маблағи “ҳалоли” наҳзат дар кишварҳои халиҷӣ дарси шатоҳӣ ва талбандагӣ омӯхтааст. Нуриддин дар замони “ҷавониаш” чорабиниҳои фарҳангии иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Мисрро акс гирифта, бо тавсияи падараш аз шайхҳои араб пулҳои муайян дастрас мекард. Имрӯз бошад усули кори тағийр дода, бо баромади “пурмуҳтаво” дар конфронси ба ном “ҳуқуқи инсон”-и САҲА маблағи муайян ва паноҳандагии дарбадарии худро ҳифз кардан мехоҳад.
Вале ман шаҳрванди тоҷики муқимии Туркия, ки аз миллатҳои ӯзбек, қирғиз, туркман, араб ва дигар иборат ҳастем, қатъиян гуфтаҳои Нуриддин Ризоиро маҳкум намуда, аз ӯ талаб менамоем, ки аз номи мо миллатҳо ба манфиати гуруҳҳои террористӣ ва оилаи саргардонаш сухан нагӯяд. Мо аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон талаб менамоем, ки Нуриддин Ризоирро барои туҳматҳои беасосаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳамзамон Нуриддин Ризоӣ бояд аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои туҳматҳояш бахшиш пурсад.
Дар бораи оилаи Муҳаммадсаид Ризоӣ ва Нуриддин Ризои суханҳои зиёд вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба диққати хонандагони муҳтарам пешниҳод меагрдад.
Донишҷӯи факултаи илоҳиёти донишгоҳи
Газиентепи Ҷумҳурии Тукрия

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code