Пеш аз оне, ки вобаста ба фаъолияти собик ХНИТ, ки имрузхо вирди забони хар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехохам фикрамро дар бораи азхоби сиёси баён дошта бошам.
Дар моддаи 2-и бобби 1-и Конуни ЧТ «Дар бораи хизбхои сиёси» омадааст: Дар зери мафхуми хизби сиёси, иттиходияи чамъияти, ки вазифаи у дар ворид шудан ба хаёти сиёсии чамъият тарики таъсис додани гурухи шахрвандони сиёси, инчунин ба вучуд овардани хокимият бо воситаи намояндагони худ, фахмида мешавад.
Ва ё ба тарзи дигар хизби сиёси ин иттифоки ихтиёриест, ки бо аломатхои идеологи асос ёфта, максади ба даст овардани хокимиятро дорад.
Хокимият ин воситаи амалигардонии барномахои сиёси мебошад, ки ба манфиати ин ё он гурухи чамъияти хизмат менамояд.
Хизб- аз калимаи лотини ё франсави-patuгирифта шуда маънояш кисм ё гурух мебошад.
Максаду вазифахои хар як хизби сиёси дар оиннома ва барномахои худ, барои маълумоти умуми гуфта шудааст.
Аммо хамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собик ХНИТ бо рохбарии М.Кабири хангоми ба таври расми фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалхоро ба сари мардуми точик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблацгузори карор гирифта, супориши кадом давлатро ичро мекард.
Дар ин росто кайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи солхои 1991 то 1997 дар Вазорати Адлияи ЧТ ва чузъу томхои минтакавии он 8 хизби сиёси (ХКТ, ХНИТ, ХДТ, Хизби сиёси ва баркароркунии иктисоди, Хизби халки, Хизби ягонаи халки, Хизби ба шахрвандон содик, (гражданско-патриотическая партия) ХСТ ва хизби адолатхох), 7 харакатхои сиёси-чамъияти ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шурои тачаддуди халки (Совет националчного возраждения), Тачаддуди халки ва ягона, инчунин 430 чамъиятхои гуногун ба кайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниходоти Прокуратураи Генералии ЧТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномахои хизби, ба конунвайронкунихо рох додани бархе аз рохбарон ва аъзоёни хизбу харакатхо бо Карори Суди Олии ЧТ фаъолияти ХНИТ, харакати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органхои марбута соли 1995 фаъолияти онхо боз аз нав баркарор карда шуд.
Умуман ХНИТ- дар Осиёи Маркази ягона хизби хислати динидошта ба шумор рафта, максади асосии он исломигардонии чомеъа ва давлат мебошад. Вале онхо ношукри аз сохибистиклоли ва тинчию ороми дар Точикистон карда, мехостанд, ки солхои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.
Агар нисбати М.Кабири гуфтани шавем, мо медонем, ки у хамчун сохибкор ба ишки пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лахза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятхо хеч гох ба манфиати халку Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин чост, ки М.Кабири ва хаммаслакони у, М.Хайит, Саидумар Хусайни ва дигарон, ки айни хол намаки махбусиро мечашанд, мазхаби худро бар ивази маблацхои муайян фурухта, махз бо дастгирии молиявии ЧИЭ мехостанд, ки дар Точикистон табадуллотро рохандози намуда, сохти конститутсиониро фалач гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторхои кудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.
Имрузхо мо дар сомонахои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабири аз мавкеи хорича истода, хамчун «ватанфуруш» бар зидди давлатдории Точикистон, ки сиёсати имрузаи Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллатамонро дигар кишвархо омухта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода карор дода истодаанд, зери суоли танкид кашида истодааст. Аммо, халки баору номуси миллати точик ин гуфтахои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо мехнати халол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.
Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабири аслан оиди мухочирони точик суханрони намуда, мехохад, ки мавкеи худ ва собик хизбашро дар байни онхо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар хеч кучо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил хунар кам аст».
Аз ин лихоз ба хамаи хонандагон пешниход мекардам, ки бояд мо ахли солимфикри чомеа бояд тамоми кувваву имкониятхоро бахри илмомузии насли наврас ва чавонон равона карда, шомилшавии онхоро аз чунин хизбу равияхои номатлуб ба мисли ХНИТ, пешгири нам
Хурматов Рамазон
раиси махалла