Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок афтидааст. 
Он факту далелҳое, ки яке аз поягузорони ҳизби наҳзат аз лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани он то имрӯз, Аёмиддин Сатторов, ба қавли наҳзатиҳо «Мавлавӣ»-и ташкилот дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба таври возеҳу равшан ва содда ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо давои дарди худро наёфтанд. Далелҳои овардаи мулло Аёмиддин барои Кабирӣ масали бемории саратонро мемонад, ки табибон дар табобаташ оҷизанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чигуна аз ҳолати ногувор баромаданро андеша намуда, оқибат шахсеро киро карданд ва ҳамчун корманди мақомоти қудратии кишвар муаррифӣ сохтанд. Бо дидани навори суханронии ин мард ҳатто хонанда намедонад гиряд ва ё хандад. Чунин суханонро ҳатто аробакашони бозор низ метавонанд дар телефон сабт карда, дар фейсбук интишор намоянд. Чун интернет шаҳри бедарвозаест ва ҳар кас метавонад чизе, ки хоҳад гуяд. Чӣ хеле мегуянд «забон – марди паҳлавон».
Мо ҷамъияти тоҷикони Малайзия аз тамошои навори мазкур ба хулосае омадем, ки бо ин роҳ Кабирӣ хостааст таваҷҷуҳи миллатро баъди пахши суҳбати мулло Аёмиддин каме аз худ дур сохта, ҳизбакашро аз вартаи нанг берун барорад. Чунин як кӯшиши дигарро баъди номуваффақ анҷом ёфтани ташкили эътилоф дар шаҳри Дортмунди Олмон моҳи июли соли равон бо ташкил намудани флешмобҳои қалбакӣ оид ба қазияи Ҳамзаи бемор низ рӯйи даст гирифта буданд. Он замон низ хоста буданд аз беобрӯшавӣ ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеа раҳо ёбанд. Аммо бехабар аз он ки худро дубора шарманда сохтанд. Инро дар хотир доред, ки чунин спектаклҳо дигар намегузарад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code