ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. ҲАДАФИ ОН ТАФРИҚААНДОЗӢ МИЁНИ МАРДУМ АСТ Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм бошад, ин содир намудани амалҳое мебошад, ки таҳдид ба марг намуда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расондани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ сабзида расад. Таъкид кардан зурур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Ифротгароии динӣ дар худ динро ниқоб интихоб менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни аҳли ҷомеа аст. Ин гуна афроди ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канорҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо ҷой гирифта, ба айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангезӣ ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” ва “хизмат ба дин” ташбеҳ мекунанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Бо ин амалҳои хирсонаи худ супоришҳои хоҷагон ва сарпарастони хориҷии хешро иҷро намоянд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос дош- тани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯ дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ) – ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна зуҳуроти номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Дар чунин шароит ба масъалаҳои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Бинобар ин, мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code