Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Миср: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ”
Конференсияи мазкур зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ барпо мегардад.
Мавзӯи конференсияи мазкур: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ” мебошад. Муҳиммияти конференсия масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон, шабоҳати вазъияти ду кишвар ва вуҷуди созмонҳои террористие ба мисли “Ихвонулмуслимин” ва ҲНИ, ки ҳардуи он кӯшиши ноором сохтани суботи ду кишварро доранд, мебошад.
Конференсияи мазкур, бо ҷалби коршиносони соҳа, устодони факултети сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср дар толори коференсияи Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар рафти он таърихи ихвониҳо ва ТТЭ ҲНИ, нақши онҳо дар халалдор намудани амнияту суботи ду кишвар ва таъсироти манфии онҳо, ҳамчунин роҳҳои мубориза бар зидди онҳо ба хотири ҳифзи ваҳдату якпорчагии Ватан сурат мегирад.
Ҷараёни Конференсияро муовини сармуҳаррири рӯзномаи давлатии ал-Ҷумҳурия профессор Муҳаммад Талъат идора намуда, дар он пажуҳишгарони машҳури мисрӣ – собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд, собиқ директори радио ва телевизиони давлатӣ, директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО генерал Ториқ Маҳдӣ, директори бахши ахбор дар телевизиони мисрӣ Иброҳим Сайёд, узви Парлумони Миср ва директори Маркази таҳқиқоти сиёсии ал-Ҳивор инженер Абдусалом ал-Хизровӣ, рӯзноманигори ал-Аҳром Маҳмуд
Дийоб, устоди забони форсии донишгоҳи Айнӣ Шамс профессор Аҳмад Сомӣ, устоди илмҳои сиёсии факултети иқтисод ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Қоҳира профессор Далоил Маҳмуд ва мушовири Суди кассатсионии Миср Маҳмуд Абдулло суханронӣ хоҳанд намуд.
Дар Консепсияи конференсия омадааст, ки “терроризм дин ва ватан надорад, ӯ палидест, ки дар рехтани хун таъхир намекунад”. Инҳо суханоне мебошанд, ки дар бисёр маҳфилу суханрониҳои Президент Абдулфаттоҳ Сисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳанд. Ин амр бори дигар таъкид менамояд, ки “терроризм рабте бо Ислом надорад ва ҳамчунин терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад”.
Аз ин рӯ, нигоҳи муштараки Миср ва Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ ва шохаҳои паҳншудаи онҳо дар тамоми гӯшаҳои дунё таъкиди худро пайдо менамояд. Ҳар ду кишвар талош доранд, то барои тамоми олам хатари ин созмонҳоро таъкид намоянд. Фаъолияти онҳо зери ному шиорҳои гуногун сурат мегирад, вале аз як сарчашма об мехӯранд. Пайдоиши идеологияи террористиро асосгузори гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” оғоз бахшидааст. Гурӯҳе, ки худро ба “Ислом” мепайвандад, дар ҳоле ки Ислом ҳамчун як дини васатӣ бар зидди тамоми арзишҳои манфии чунин падидаҳо, аз қабили тундравӣ, зӯроварӣ, куштор ва терроризм мубориза мебарад.
Ҷанге, ки кишвар бо ин созмонҳо бурда истодааст, зодаи имрӯзу дирӯзи наздик нест, балки решаи он ба солҳои навадуми асри гузашта боз мегардад. Мардум ҳодисаи террористии хотирмони соли 1997, ки дар вилояти Уқсури Миср рух дод, аз ёд набаровардааст. Дар пайи ин ҳодисаи террористӣ мардуми зиёд аз ҷумлаи сайёҳони хориҷӣ, афроди полис ва шаҳрвандони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, ки Миср кайҳо чунин хунрезиҳоро дар ёд надошт. Муборизаи Миср бар зидди ин созмонҳои террористӣ бо рӯйдодҳои хунини солҳои 90-уми Тоҷикистон рост меояд. Муборизаи Тоҷикистон бар зидди созмонҳои террористӣ ҳануз пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар шурӯъ гардид. Аввалин ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ, ки он ҳам худро мисли ихвониҳо ба Ислом нисбат медиҳад, дар солҳои 1992 оғоз гардида, бо амалҳои асиргирӣ, одамрабоӣ аз саффи кормандони давлатӣ ва кушодани маҳбасхонаҳои кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Ҷанг то соли 1997 идома ёфта, бар асари он 150 ҳазор фарзанди тоҷик ба шаҳодат расид.
Бояд қайд намуд, ки қувваю нерӯи давлат, ҳамбастагии миллат ва дастгирии ҳукумати қонунии он аз ҷониби мардуми Миср ва Тоҷикистон, кӯшиши созмонҳои террористиро баҳри нооромии ҷомеа, парокандагии миллат ва шикасти давлат ноком гардонид. Онҳо ба орзӯи худ нарасиданд. Давлат бо қудрати қавӣ ва дастгирии ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ истод.