Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иммануил Кант ва ташаккули шахсият”- маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа», №2 (10) 2018, “Ҷумҳурият” 6.06. 2018
Мақолаи С. Ятимов “Иммануил Кант ва ташаккули шахсият”- ро як назари тозаи илмӣ ба муносибати фард бо ҷомеа метавон ном бурд. Муаллиф дар мақола омили асосии расидан ба осудагии том ва ташаккули инфиродии шахсро дар тарбия ва таълим мебинад. Ин андешаи муаллиф ҳамоно идомаи фикри ӯ аз мақолаҳои қаблии эшон сурат гирифтааст ва дар матлаби мазкур ӯ тасмим гирифтааст, ки онро дар партави афкори баланди олимони дунё мавриди муқоиса ва таҳлил қарор диҳад. Яъне, муаллиф мехоҳад дар заминаи назарияҳои илмӣ ва ғояву тафаккури олимони маъруф дар мисоли Иммануил Кант вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро баҳогузорӣ намояд ва муҳимтарин вазифаҳои узви ҷомеаи имрӯзро мушаххас баён созад.

Се даҳсолаи охир, яъне, даврони истиқлолияти кишвар заҳматҳои халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беҳсозии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ самараи нек ба бор оварда, Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ёфт ва дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба инкишоф овардааст. С. Ятимов бар он ақида аст, ки ин дастоварди бузургро эҳтиёт кардан ва онро рушд бахшидан аз вазифаи муҳими имрӯзиён аст. Махсусан, шуурнокии миллӣ ва худшиносӣ гавҳари бебаҳоест, ки заволи он оқибати нек надорад. Дар ин маврид нақши инсон ё худ шахси соҳиби илму фазилат калон буда, пойдории миллат, ояндаи он ба ӯ вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, тарбияи инсон ва маълумотнокии он яке аз вазифаҳои муҳим ва муқаддаси замон маҳсуб мешавад. Муаллиф маҳз ба хотири тавзеҳ ва исботи ин ақида ба назарияи файласуфи маъруфи немис дар асри ХVIII милодӣ Иммануил Кант оид ба ташаккули тарбия ва ба камол расондани шахс такя менамояд.
Муаллиф бо такя ба назарияи Арасту ҷавҳари давлатро дар инсон мебинад ва тарбияи неки шахсро ба сифати давлат ва давлатдорӣ таъсирпазир меҳисобад. Дар ин бахши мақола муаллиф ба мафҳумоти тарбия, сифати тарбия, мақсади тарбия, таълим ва таҷриба таваққуф намуда, дар заминаи китоби И. Кант “Дар бораи педагогика” ба хулосае мерасад, ки “тарбия зина ба зина ба дараҷаи боло мерасад ва ҳар як насл қадаме ба пеш, барои камолоти инсоният мегузорад” Вале муҳимтарин нуктаи назари муаллиф дар ин маврид дар заминаи барномарезӣ ба роҳ мондани тарбия мебошад. С. Ятимов дуруст қайд мекунад, ки “Тарбияро дар доираи масъулият ва мафҳуми аслӣ наметавон масъалаи шахсӣ номид. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, манфиати ҷомеа ва муассисаи аслие, ки барои амният ва рушди он ҷавобгар аст, яъне, давлат дар назар дошта мешавад. Илм, фарҳанг, маориф, таълим ва тарбия – пойдевори аслии таъмини амнияти давлати миллӣ мебошад. “Дар бахши дигари мақола “Оид ба мантиқи тарбия” муаллиф ба хулосаи хуби мантиқӣ мерасад, ки он ҳадафи тарбияро ифода мекунад: “Новобаста аз он ки бо таваллуд гаштани одам – мукаммалтарин ҷузъиёти табиӣ рӯи олам меояд, он ба ғамхорӣ, нигоҳубин, тарбияи ниҳоят ҷиддӣ ниёзманд аст. “Зери маънии “ғамхорӣ” кӯшиш ва заҳмати падару модар дар назар дошта мешавад, ки фарзанд натавонад қувва ва имконоти худро бар зарари худ истифода намояд”. Воқеан, ин нуктаи муҳим аст, зеро дорои ахлоқи ҳамида будан на танҳо маънии некхоҳи дигарон будан, балки аз ҳама қабл некӣ барои худ аст.
Муаллиф оид ба мавқеи шахс дар тарбия афкору ақидаи И. Кантро тавзеҳ медиҳад ва муътақид аст, ки нақши одам дар тарбияи шахс ниҳоят бузург аст ва инсони нек шудани одам тасодуфӣ набуда, балки натиҷаи заҳмату талошҳои ашхосе аз қабили падару модар ва муаллим мебошад. Бо овардани мисолҳои Кант дар бораи тарбиятнопазир будани мавҷудоти биологии бешуур хулосаи ӯро тасдиқ менамояд:”Бояд таъкид сохт, ки одамро фақат Одам тарбия мекунад – одаме, ки айнан мисли худаш тарбия гирифтааст. Мантиқи аслии талаботи файласуфи бузург масъалаи мураббӣ, муаллим ва тарбиятгар аст. Устодро И. Кант меъмори бузурги қасри манзалати маънавии инсон мешуморад”.
Дар идома И. Кант ба масъалаи масъулияти падар дар назди фарзанд руҷӯъ мекунад, ки муаллиф дар шарҳи он чандин мисолҳои мушаххасро ба қалам меорад. Таваҷҷуҳ менамоем ба ин андешаи Кант: “Ман бояд фарзанди худро ба он одат кунонам, ки чӣ гуна вай ба маҳдудияти озодии худ одат кунад, онро паси сар намояд. Ҳамзамон, аз ҳамин гуна маҳдудиятҳо хуб истифода карда ҳам тавонад. Агар ин тавр нашавад, ҳама корҳо беҳудаанд. Фарзанде, ки аллакай аз тарбияи падару модар берун рафтааст, наметавонад аз озодии худ истифода кунад”. Муаллифи мақола дуруст таъкид мекунад, ки “олими дақиқкори олмонӣ ба воқеияти рӯзгор объективона муносибат мекунад. Медонад, ки зиндагӣ роҳи ҳамвор нест. Одат кунондан ба фаъолияти пурсамари инсониро тавассути кулли имконот мадди назар мегирад.”
Дарвоқеъ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар мавриди ҳаллу фасли ин матлабҳо нақши муассир гузошт ва самараҳои нек дар беҳбудии тарбияи наврасону ҷавонон гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия ҳамчун ба маҳсули хираду дониш ва маърифати инсон эътибор дода, дар баробари ҷанбаи амалӣ доштани ин санаду ҳуҷҷатҳо, ки меҳвари онро дуруст тарбия намудани насли муосир ташкил мекунад, ба арзиши таърихии он, ки ин эҳёи анъанаҳои тарбиявию таълимии гузаштагони соҳибназари миллати тоҷик мебошад, эътибори хосса зоҳир менамоянд. Яъне, ин қонун заминаҳои таърихӣ ва илмӣ дошта, он на танҳо дар тарбияи шахсият, балки дар пойдории давлат ва устувории ҷомеа нақши муассир дорад. Ба ибораи дигар дар меҳвари андешаи мутафаккирони бузург чун И. Кант ва қонуни мазкур мафҳумҳои муқаддасе чун одаму одамгарӣ ва некукорӣ меистад, ки тавассути он ҳаёти босаодат метавонад таъмин гардад.
Ҳамин тариқ, дар мақола дар заминаи назарияи Иммануил Кант, асосгузори идеализми классикии немис, ки аз донишмандони бузурги Ғарб маҳсуб мешавад, муаллиф дар бораи тарбия ва муҳимияти он дар ҷомеа ибрози назар кардааст. Андешаҳои дар мақола зикрёфта бори дигар ҷомеаро ба масъалаи тарбия, ки ба назари мутафаккирон бар таълим афзалият дорад, ҷалб менамояд. Зиндагии ободу осуда ва пурмазмун, ҷомеаи орому осуда ва давлати пурқудрату обрӯманд ба тарбияи дурусти инсонҳо вобастагии зич дорад.
Метавон гуфт, ки мақолаи мазкур ҳушдорест барои ҷомеаи имрӯза то дар мавриди имрӯзу фардои худ андеша кунем, ба масъалаи тарбияи инсони муосир таваҷҷуҳ намоем ва дар нерумандии давлати хеш саҳмгузор бошем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code