МИЛЛАТРО ДУРУСТ МУАРРИФӢ БИКУНЕМ

Дар лутфу хушгӯиҳои миллатҳои гуногуни ҷаҳон, хоса шахсиятҳои барҷаставу шинохтаашон, як ҷаҳон ҳикмату зарофатро пайдо кардан мумкин аст. Дар баробари он ки ҳама маълумоту дониш медиҳанду ибратомӯзанд, баёнгари сифатҳои неки миллаташон маҳсуб мешаванд.
Лутфу хушгӯиҳои пешиниён, ниёгони шарафманди мо низ саршори панду ҳикмат ва зарофати бемисланд. Аз он ҳама ба дониши мукаммалу фаросати баландашон метавон пай бурд. Яъне, мо бо онҳо дар ҳар давру замон имкон пайдо мекунем, ки бо сарбаландӣ ифтихор дошта бошем.
Мутаассифона, ин сифатҳои нек дар лутфу хушгӯиҳои чанд соли охири мо ниҳоят кам дида мешавад. Ба ростӣ, барои ман ҳатто бо ногуворияшон дардафзо ҳам ҳастанд. Имрӯз бархе аз адибони шинохтаи мо ба тамаъҷӯиву мумсикӣ ва дигар сифатҳои бад «шуҳрат» ёфтаанд. Аҷабтар ин аст, ки бархе бо ифтихору хушҳолӣ ва қаноатмандӣ дар чорабиниҳои бузург, матбуоти даврӣ, китобҳо дар ин бора мегӯянду латифагунаҳое ҳам ба нашр мерасонанд. Шунавандагону хонандагон бошанд, онҳоро хуш истиқбол мегиранд. Оре, дар сурате, ки бояд акси он бошад. Охир, мо бояд пайрави ниёгони бузургу саодатмандамон бошем. Лутфу хушгӯиву ҳазлашон миллатамонро бояд нек муаррифӣ бикунанд.
Метавонам, барои намуна чанде аз онҳоро ёдовар бишавам, аммо фикр мекунам, ки ҳатто зикрашон ҳам хушоянд намебошад ва низ чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Ба яқин, ин масъала ҳаргиз як масъалаи хурду назарногир набояд бошад. Сари он ва ҳалли дурусташ ҳарчи зудтар бояд тадбирандешӣ бикунем. Агар не, оқибаташ хуб буда наметавонад ва миллату шахсиятҳои маҳбубу маъруфи моро, он тавр ки бояд, намешиносанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code