Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯз гаштааст.
Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи олӣ иброз доштанд, ки: «Террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин рӯ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешарониҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8 қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.
Ҳар сол барои риоя накардани ин талаботи қонун баъзе падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Албатта, ин ҳама чораҳо барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешаванд. Зеро, аз роҳи бад гардондани фарзанд вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ намоянд.
Пас, мо – омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгари Ватан будан тарбият намоем ва таъкид созем, ки чун як фарзанди бонангу номус бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи худ ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, баҳри пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд. Зеро, Тоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасози бо нангу номус дорад.