Нимр ан-Нимр, ки зода ва муқими кишвари Арабистони Саудӣ буд, бо баёнияҳои тунду зиддисалтанатии худ, ки хилофи қавонини Шоҳигарӣ дониста мешавад, солҳои охир дар маҷолиси шиаи Арабистон баромад намуда, ҳатто ишора ба озодии мутлақи пайравони мазҳаби ташайюъ дар ин сарзамини нафтхези минтақа менамуд. Вале ин раванд, ки бар амният ва суботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ халал мерасонд, тибқи ҳукми додгоҳ Нимр ан-Нимр бо 46 тан аз муҷримони дигар 2 январ қатл гардид. Ҳарчанд ин амал бар асоси қавонини як кишвари мустақил содир шудааст, вале аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиноят шумурда шуд ва муътаризони эронӣ баъд аз иҷрои ҳукм ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Эрон ҳамла карданд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷойи ҳимоят аз сафоратхона, ки уҳдадории байналмилалист, амалкарди Арабистонро маҳкум ва онро ҷиноят хонд. Роҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даъват ба барканории режими Арабистони Саудӣ кард. Вале дар навбати худ Арабистони Саудӣ мавқеъгириҳои Эронро дахолат ба корҳои дохилии худ хонда, сафораташ дар ин кишварро баст ва муносибатҳои дипломатиро қатъ намуд. Ба дунбол кишварҳои дигаре, назири Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Судон, Сомалӣ ва Ҷибуттӣ муносибати худ бо Эронро қатъ намуда, давлатҳои Кувайт ва Қатар сафиронашонро бозхонд карданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари шаҳрвандонаш ба Арабистони Саудиро, ки аслан барои иҷрои маносики ҳаҷ сурат мегирад, манъ намуд.
Коршиносон ишора ба он мекунанд, ки ҳарчанд Арабистони Саудӣ дар баробари Эрон заъфи низомӣ дорад, вале дорои имкониятҳои зиёди молиявист, ки метавонад ба иқтисоди Эрон таъсир гузорад. Вале дар робита ба сафарҳои пайдарпайи вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр ба Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ба наздикӣ анҷом шуд, метавон тахмин кард, ки Саудӣ талош дорад, мавқеи низомии худро низ мустаҳкам намояд.
Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ягона роҳи ҳалли низоъ миёни ду кишварро дар гуфтугӯҳо дониста, таъкид мекунад, ки бояд барои таъмини ваҳдати исломӣ ва мусулмонҳои олам ҷонибҳо ба мусолиҳа оянд. Аммо вазъи бамиёномада, танҳо ба қатли як воизи шиа рабт надошта, масоили зиёди баҳсӣ миёни ду кишвар мавҷуданд. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба иваз намудани номи Халиҷи Форс ба Халиҷи Араб, баҳси тарафайн бар сари ҷазираҳои хурди баҳрӣ, фурӯши нафт, эътиқодоти мазҳабӣ, манъи масоҷиди сунниҳо дар Эрон, мавқеъгириҳо дар робита ба моҷароҳои Сурия, Ироқ ва Яман, таъсиси эътилофи низомии исломӣ бидуни ширкати Эрон ва дигар баҳсҳо ду давлати мусулмониро дар сангарҳо қарор додааст.
Ба ҳар сурат, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудиро зарур аст, ки мухолифатро як сӯ гузошта ба ҳам оянд. Зеро таниши ду кишвари соҳибимтиёзи ҷаҳон, ки яке бо Русияву Чин ва дигаре бо Амрикову Аврупо ҳампаймонанд, метавонад ҷаҳонро дар рӯ ба рӯи як ҷанги шадиди ҷаҳонӣ қарор бидиҳад. Дар чунин ҳол, ҷанги эҳтимолӣ қавитар аз ҷангу даҳшати терроризм хоҳад буд, зеро дар ин ҷанг аз эътиқодоти мазҳабӣ низ, ки кинаҳои садсола дар кулбор дорад, корбурд мешавад. Бо оғози ҷанги ин ду кишвар ҷанги расмии шиаву суннӣ дар ҷаҳон оғоз мешавад ва марзҳо шикаста хоҳанд шуд. Ин ҷанги мазҳабӣ метавонад тамоми оламро машғули худ сохта, ҷанги сеюми ҷаҳонро ба худ ихтисос диҳад. Зеро аз ҳар ду ҷониб неруҳое пуштибонӣ мекунанд, ки силоҳи вазнинро дар ихтиёр доранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code