Мусаллам аст, ки аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии капитализми ғарбӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар баҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ ба амри зарурӣ ва истротежӣ табдил ёфт. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи самти сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротиёни исломӣ ва ташкил додани фирқаю сектаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои шарқи мусулмонӣ ва таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти империализми ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

Созмондиҳӣ ва барномарезии пружаҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва бебандуборӣ дар минтақаҳо амалӣ мешаванд, сухани тоза нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони пружаи исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ «иқдомот»-и густарда рӯйи даст гирифта, бар асоси консепсиюни динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намуданд. Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард.

Муҳаққиқоне, ки дар заминаи қолабҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиро, ки ибтидои садаи бист рӯйи кор омадаанд, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти истихборотии хориҷӣ медонанд. Яъне созмонҳои сиёсии исломӣ аз берун коргардонӣ ва маблағгузорӣ мешуданд. Аз машҳуртарин созмон – «Ихвон-ул-муслимин» шурӯъ карда, то ба ДИИШ ва гурӯҳҳои ба он тобеъ сарпараст ва пуштибони хориҷӣ доранд ва бозиҳо, асосан аз хориҷ коргардонӣ мешаванд.

Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ равшанфикрони тоҷики Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳонияти муҳофизакор, консерватив, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва фикрию мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифт. Дар масири муборизоти мазҳабӣ рӯҳонияти исломӣ таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ҲНИТ)-ро, ки соли 1973 пинҳонӣ таъсис ёфта буд, минҳайси сарчашмаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон»-и рӯхонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳарҷу марҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд, ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги мулкӣ гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ-мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гӯшаҳои даргири қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки бо «ибтикори» ҲНИТ ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқӯъ пайваста, наздик ба дусад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро туъмаи марг карданд, режими исломӣ бо роҳандозӣ кардани барномаҳои пасипардагӣ ва пешандоз намудани муродинони наҳзатиаш ширкат варзид. Ҳосили ин «ширкати фаъол»-ро метавон дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди ҳар як тоҷикистонӣ ба хубӣ мушоҳида кард.

Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ҲНИТ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ҲНИТ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне, ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари молу маноли мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти ҲНИТ ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз бовармандии мардум сӯйиистифода мекунанд, аз минбари динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯйиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, дар пайи сарвату қудрат, на дар пайи меҳру муҳаббат мегарданд. Ҳадафҳои пасипардагии ҲНИТ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд.

Шиддати бурузи қудрати ҲНИТ, пеш аз ҳама, ба сарпарастии хориҷӣ, минҷумла сармоягузории баъзе режимҳои исломӣ марбут аст. Аз ин ҷо аз куҷо сарчашма гирифтани буҷаи наҳзатӣ, тадриҷан ба дараҷаи иқтидори иқтисодию молиявӣ расидан ва билохира худкифо шудани ҲНИТ маълум мегардад. Ба таври ниҳонӣ бо ҲНИТ ҳамдаст будани созмонҳои махфии хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои иқтидорманди режими исломидошта дигар ҷойи баҳс надорад.

Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон аз доми найранги наҳзатӣ ва гумоштагони он, ки имрӯз ҳам мехоҳанд фазои сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро халадор созанд, огоҳанд ва хуб медонанд, ки чӣ ниятҳои мӯгризонае дар пушти ман-маниҳои наҳзатӣ меистад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code