Дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава конфронси навбатии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бахшида ба ҳуқуқи инсон 11-уми сентябри соли 2017 оғоз гардид. Дар ин конфронс рохбарону масъулини  фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ бо сарварии  Муҳиддин Кабирӣ ширкат варзида, чун одати деринаашон худро ҷонибдори демократияву озодӣ ҷилва додани шуданд. Аммо зимни суханронии террористони наҳзатӣ маълум шуд, ки аксари онҳо хешу ақрабо ва пайвандону наздикони худи Кабирӣ будаанд.

Аз ин рў, ҳар инсони солимфикру андешаманд хулоса мебарорад, ки ин чанд фарди манфиатҷўю авомфиреб манфиатҳои шахсии хешро дар назди  ташкилотҳои аврупоӣ манофеи умумимиллӣ нишон доданӣ мешаванд. Бинобар ин, ҳеҷ як инсони соҳибхираду огоҳ наметавонад, ки чунин дурўғу туҳмат ва афсонаҳои бофтаи Кабирию пайравони ўро бовар намояд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки ин гуна афроди ҳанноту найрангбоз ва авомфиреб ҳануз солҳои 90-уми асри гузашта барои расидан ба манфиатҳои худ мардумро ба ҳам зид карданд ва аҳолиро байни табақаҳо тақсим намуда, норизоӣ оварданд. Онҳо дидаю дониста ақидаҳои динии ба мардуми мо бегона, аз ҷумла мазҳаби шиъаро дар кишвар паҳн карда, мехостанд миёни аҳоли тафриқа барангезанд ва манфиатҳои худу хоҷагони хориҷиашонро дар амал татбиқ намоянд. Чун аз ин амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсонии онҳо халқи тоҷик зуд огоҳ гардид, ба истилоҳ тирашон хок хурд ва ба мақсад нарасиданд.

Пас аз ошкор шудани тамоми сиру асрорашон онҳо дар байни мардуми кишвар дигар мақоми пешинаашонро аз даст дода,  шармандавор фирор карданд. Чун диданд, ки дигар мардуми кишвар ба суханашон гўш намедиҳаду барояшон дигар эътимоде надорад, худро боз ба оғўши ташкилотҳои  Аврупо заданд. Акнун мехоҳанд, ки тамоми амалҳои ваҳшиёнаи  хешро барои аврупоиён хубу накў нишон дода, онҳоро ҳам фиреб диҳанд.

Бо ин найранги худ наҳзатиҳо ҳам пулу мол ҷамъ овардан мехоҳанду ҳам Ҳукумати Тоҷикистонро бо буҳтон дар назди кишварҳои Аврупо бад нишон доданӣ мешаванд. Вале таърих гувоҳ аст, ки тамоми амалҳои даҳшатбору хиёнаткоронаю аҷнабигароёнаи наҳзатиҳо аз хотираи  миллат ҳеҷ зудуда намегардад.

Наҳзатиҳо дар ҳар ҷамъомаду конфронсҳое, ки аврупоиён ташкил мекунанд, чун меҳмони нохонда ҳозир шуда, ба дилхоҳ мавзўъ бинӣ мехалонанд ва агар мавзўъ ҳатто дар мавриди кайҳон, экология, атмосфера ё нанотехнология бошад ҳам, онро чун мушкилии Ҳукумати Тоҷикистон муаррафӣ мекунанд.

Роҳбарони ҲНИТ бо вуҷуди даст ба ҷиноятҳои сангин задану хиёнат ба ватан  боз дар нишасту конфронсҳои гуногун ширкат варзида, нашармида аз инсонию башардўстӣ ва озодию демократия сухан кардан мехоҳанд. Дар асл онҳо душмани аслии рушду тараққиёт, инкишофу пешрафт, гумманизму башардўстӣ ва демократия буда, барои таназзули соҳаҳои фавқуззикр дар Тоҷикистон тамоми амалҳои бадро раво дидаанд. Дар конфронсе, ки ин навбат бахшида ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава баргузор гардид, боз ҳамон террористони наҳзатӣ сухан намуда, худро ҳомиёни аслии ҳуқуқу озодии башарият нишон додан мехоҳанд. Ҳол он ки ҳадафҳои сиёсии онҳо комилан мухолиф ба озодии инсон буда, муқобил ба ҳама гуна озодандешию равшанфикрӣ ва донишандўзию хирадмандӣ мебошад. Аз ин гуфта, хулоса мебарояд, ки одами пойбанд ба  идеологияи мазҳабии ифротӣ  чи тавр метавонад дар бораи ҳуқуқ ва озодии инсон ҳарф зада бошад?

Дар конфронси САҲА иштирок кардани роҳбарони ташкилоти террористии ҲНИТ, ки дар асл  муқобили демократияву дунявият ва ҳуқуқу озодии инсон мебошанд,  хандаовар ва нафратангез аст. Аз тарафи дигар доираҳое, ки дар Аврупо наҳзатиҳоро пуштибонӣ мекунанд, ба ин амалашон ё ҳамаро масхара карданианд ва ё ба давлатҳои шарқӣ нишон доданианд, ки дар ҳолати зарурӣ баҳри пиёда сохтани манфиатҳояшон аз ин гунна қувваҳои хабис ҳам истифода мекунанд.

Вале дар ҳар ду ҳолат ҳам наҳзатиҳо дучори нокомӣ хоҳанд буд. Зеро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Аврупо ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони ҳозира бо ақидаҳои мазҳабӣ ва хусусан наҳзатӣ  давлатдорӣ карда намешавад. Аврупоиҳо ҳам бояд фаромуш накунанд, ки бозӣ кардан бо ташкилоту гуруҳҳои динӣ – ифротии монанди ҲНИТ оқибати хуб надорад. Маҳз натиҷаи ҳамин амалҳои нодурусти баъзе доираҳои аврупоӣ буд, ки вақтҳои охир дар шаҳрҳои бузурги ин минтақа аз ҷониби мутаасибони ифротӣ амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Аврупоиҳо бояд хуб огоҳ бошанд, ки террористони наҳзатӣ ба монанди ҳамон террористоне ҳастанд, ки дар шаҳрҳои Барселона, Манчестер, Париж, Берлин, Нитса ва ғ. таркишҳо анҷом додаанд.

Аз ин рў, коршиносону сиёсатмадорони аврупоиро зарур аст, ки конфронсу нишастҳои байналмилалиро бо ҷалби ин террористон ба арсаи бозию масхара табдил надиҳанд, балки мутахассисону донишварони касбиро даъват намуда, масоилро ҷиддию дақиқ баррасӣ ва ҳал кунанд. Зеро ба тақдири ояндаи як давлату миллат бозӣ кардан ё мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилал нодида гирифтан кори саҳл нест.

Дар муқоиса бо бештари давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистон  демократитар буда, озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар ин ҷо ҳаргиз поймол нашудааст. Баръакс, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар, озодии сухан, вусъати демократия шароити муосид фароҳам меорад.

Дар баробари ин, Ҳукумат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният, сулҳу суббот,  озодию ободии шаҳрвандон аз  амалҳои зишти неруҳои бадхоҳ ва хусусан ҲНИТ пешгирӣ менамояд. Албатта фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ дар ин росто бо дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code