Асноду далелҳои зиёде то имрӯз собит намудаанд, ки ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аз тарафи баъзе ниҳодҳо ва гурӯҳҳои ҶИЭ сармоягузорӣ шуда, метавон гуфт як барнома ё лоиҳаи охундҳои ин кишвар мебошад. Ҳанӯз идеологҳои инқилоби исломӣ, ки яке аз онҳо Муртазо Мутаҳарӣ мебошад ҳадафҳои инқилобро, ки дар дурнамо тавсиъа дода шаванд, чунин нигорида буд. Аввалан шиъагардонии (шиъаи исноъашарӣ) мусалмонони суннӣ ва динҳои дигар ва дувум ба миён овардани низоми исломии ҷаҳонӣ ё ба таври дигар судури инқилоби исломӣ ба дигар кишварҳои ҷаҳон. Воқеан агар ба таърихи ҲНИТ назар афканем, ҳадафи он низ шиъагардонидани мусалмонони дар кишвар ҷойдошта ва аз ин роҳ ба миён овардани фазои исломӣ ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломӣ мебошад. Мақолаи «Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта мазҳаби бегонаро қабул кардаанд», ки ба қалами Муҳаммад Иқболи Бохтарӣ собиқ узви ҲНИТ таъалуқ дошта, дар рӯзномаи «Фараж», шумораи №37 (563) аз 13.09.2017, ба нашр расидааст, лоиҳаи охундҳои эронӣ будани ҲНИТ ва мазҳаби ташаюъро қабул намудани онҳо исбот шудааст. Як чизро қайд кардан ҷоиз аст, ки сохтори ҲНИТ ба сохтори вилояти фақеҳи Эрон низ шабоҳати айнӣ дошт. Дар сохтори вилояти фақеҳ ду навъи роҳбарӣ мавҷуд аст. Яке роҳбарии вилояти фақеҳ, ки роҳбари рӯҳонӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамаи салоҳиятҳои идоракунии дар дасти он сарф шудаанд ва дигаре идоракунии президентӣ ки гӯё роҳбари сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд салоҳиятҳои сиёсии роҳбарияти вилояти фақеҳ ё роҳбари маънавӣ аз салоҳиятҳои Президент хеле зиёд ва мутлақ мебошад. Ба ҳамин монанд дар ибтидо ҲНИТ низ дорои ду навъи роҳбарӣ буд, роҳбари рӯҳонии ҳизб ки салоҳияти онро С.А.Нурӣ бар ӯҳда дошт ва роҳбари сиёсии ҳизб ки салоҳияти онро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бар ӯҳда дошт. Ҳамаи ин бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ на ба хотири ҳифзи манофеи миллии мардуми Тоҷикистон, балки ба хотири амалӣ сохтани манфиати бегонагон созмон ёфта буд. Аз ин рӯ даъво пеш овардани онҳо ки гӯё барои миллату мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд дуруғе беш нест.

Агар ба таърихи ислом назар афканем яке аз масъалаҳои доғ ва даргире, ки ҳамеша боиси бархурдҳои гуногуни сиёсию маънавӣ байни мусалмонон будааст, ин мухолифати мазҳабӣ аст, ки дар тули таърих ҳазорон ҳазор ба ин иллат бо дасти ҳам кушта шудаанд. Дар асрҳои миёна ин масъала сахт ҳассос ва нозук буда, тақрибан дар олами кишварҳои исломӣ осудагии бардавом вуҷуд надошт. Имрӯз ҳам дар олами ислом ва махсусан дар шарқи миёнаву наздик бархурдҳои мазҳабие, ки сурат мегиранд, дар онҳо манфиатҳои кишварҳо ва доираҳои муайяни минтақавию ҷаҳонӣ ифода гардида, муҷиби ноамниву бесуботӣ ва ноустувории давлатҳои минтақа гардидаанд. Табиист, ки чунин навъи бархурд ба манфиатҳои миллии ин кишварҳо хизмат накарда, балки ба хотири татбиқи манфиатҳои кишварҳои муайяни минтақа равона карда шудааст. Ахиран эътилофҳое, ки дар заминаи мазҳабӣ дар байни кишварҳои мусалмонишини шарқи наздику миёна сурат гирифт ин масъаларо боз ҳам доғтар намуд. Бесуботиву ноамние, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ. Яман ва дигар кишварҳои минтақа ҷой доранд, дар баробари омилҳои дигар, омили мазҳабӣ низ дар онҳо нақши муассир доштааст. Сиёсикунонии ислом ва аз ин роҳ татбиқ намудани манфиатҳо дар заминаи мазҳаб як хатари бузургеро дар ҷаҳони имрӯз ба бор оварда кишвару давлатҳои зиёдеро ба чолиш кашида, яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани шабакаҳои ифротию террористӣ дар ҷаҳон гардидааст. Бархурди мазҳабҳо ҳамеша ва дар ҳар кишвар боиси қурбонии зиёди мардум бесуботӣ ва рушди заминаҳои терроризму экстремизм гардида, ниҳоятан сабаби ҷангу даргириҳо гардидааст. Вобаста ба далоили дар боло овардашуда ҲНИТ ва сардамдоронаш хусаҳои дасти бегонагон буда, мехостанд бо роҳи паҳн кардани мазҳаби дигар ва интиқоли инқилоби исломӣ дар кишвар аз манофеи тавсияталабонаи хоҷагонашон химоят намоянд. Зимнан, собиқаи пурдоғи ҲНИТ гувоҳи он аст, ки сохтани низоми сиёсии динӣ-мазҳабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ таҳаққуқ меёбад, мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир будааст. Ба таъбири дигар, хатти маши ҲНИТ, чи дар собиқ ва чи имрӯз, ҳамоно, бунёди ҷомеа ва давлати динӣ-теократӣ буда ва мебошад, ки идеяи асли он аз охундҳои эронӣ маншаъ мегирад. Яъне судури инқилоб ба кишварҳои ҳамҷавор ва ба вуҷуд овардани низоми давлатҳои исломӣ дар ҷаҳон.

Ҳамин аст, ки ҲНИТ ҳизби тафриқаандоз ва зидди истиқлолияти давлатию зидди низоми дунявӣ буда, ҳадафи он тафриқаандозӣ ва ғасби ҳокимият буд. Хиёнатҳои солҳои 90-уми ин ҳизб ба мисли офтоб барои ҳамаи бошандагони кишвар равшананд. Наҳзатиҳо кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашониданд ва сабабгори аслии марги зиёда аз 150 ҳазор сокинони кишвар гардиданд. Чанд чеҳрагӣ хоси бештари роҳбарияти ҲНИТ буда, онҳо ҳар замон чеҳраи худро иваз менамоянд гӯё «тақия» мекарда бошанд ва барои онҳо ҳама чиз раво аст. Онҳо ҳар рӯз дуруғи нав мегӯянд ва бо мафҳумҳои зебо мардумро гул мезананд ва аз ин роҳ мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё онҳо ҳама чизро мефаҳманд ва мушкилкушои ҳамаи муаммоҳоянд. Аммо ин танҳо як фиреби назарест, ки ҳадафҳои муғризона ва палидонаи онҳоро пушиш медиҳад. Онҳо муддате ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли миллатро бо роҳи дурӯғпардозӣ гул зада, фазоро аз афкори хурофотӣ пур намуданд ва мардумро ба гумроҳӣ тамоюл доданд. Ба тарзи дигар дурӯғпардозию маккорӣ ва фиребгарӣ кори ҳамешагии ҲНИТиён аст. Чунин навъи дуруғпардозиро онҳо аз охундҳои шиъа ва махсусан аз «Хазрати имом» гирифтаанд, ки дар солҳои нахусти инқилоби исломӣ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи назари мардум ба худ ва канор задани ҳизбҳои дигари сиёсӣ аз қудрат сараввал онҳоро дар муқобили низоми шоҳӣ истифода намуда ваъда кард, ки низоми демократияи исломӣ хоҳем сохт, ки дар он ҳамаи гуруҳҳо новобаста аз дидгоҳҳояшон ширкат хоҳанд намуд, вале мутаасифона пас аз пирӯзӣ ва қудратро пурра ба даст даровардан ҳизбҳои дигари сиёсиро маҳдуд намуд ва онҳоро кулан аз байн бурд. Ҳамчунин бо истифода намудани усули «тақия» ба мардум ваъда дод, ки ҳама чиз бояд маҷҷонӣ шавад: об, барқ, газ, манзил ва амсоли инҳо. Ин ҳарфҳо танҳо ба хотири истеҳкоми қудрат истифода шуда, пас аз гузашти 38 сол низ ба амал тадбиқ нашудаанд. ҲНИТиён низ ҳамин усули таҷрибашудаи аз ҷониби пиронашон маъруфро дар солҳои 90-ум истифода намуда, дигар ҳизбу ҳаракатҳоро гумроҳ намуданд ва идеяҳои асосии шахсиятҳои маъруфи онҳоро ҳамчун шиор истифода намуда, ҳангоми табадуллоти соли 1992 ин ҳизбу ҳаракатҳоро канор заданд ва ҳокимияти сиёсиро пурра дар дасти худ гирифтанд ва дигарҳоро ба ҳошия ронданд. Аз ин рӯ набояд ба ҳарфҳои зоҳиран зебои онҳо бовар кард, зеро онҳо амалан кори хуберо барои миллат анҷом намедиҳанд. Тавре охундҳои эронӣ ҳамаи арзишҳои бузургу миллиеро, ки дар Эрон буд шикастанд ва фазоеро ба вуҷуд оварданд, ки дигарандешону рӯшанфикрон ва донишмандон кишварро тарк карда, то имрӯз дар ғурбат ба сар мебаранд. ҲНИТиён низ аз ин болотар кореро наметавонанд анҷом диҳанд, зеро ҳадафи онҳо низ ҳадафи сармоягузорону пешвоёнашон аст ки қаблан ба мардуми Эрон анҷом додаанд. Роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИТ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, аз усули «тақия» истифода намуда, ҳамагуна найрангро истифода менамоянд. Махсусан Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин созмони терористӣ ҳар рӯз як оҳанги наве дорад ва бо ҳар роҳе ки набошад мехоҳад мақому ҷойгоҳи хешро дар байни мардум тақвият бахшад. Аз ин рӯ барои он дуруғ гуфтан, гул задан, шайёдию маккорӣ, сифатҳои асланд. Ӯ кӯшиш менамояд дар суханрониҳояш бештар мушкилотро зикр кунад, ҳарчанд яқин аст, ки роҳи ҳалли мушкил дар дасти он нест вале ба хотири обрӯи арзон пайдо намудан ва мустаҳкам кардани мавқеи худ аз ин гуна ҳарфҳо истифода менамояд. Бечоранолӣ, худро мазлул нишон додан ба хотири ҷалби бештари тарафдорон ва барои расидан ба ҳадаф барояш муҳим аст, вагарна бӯе аз гумманизми инсонсолорӣ надорад. Вақте аз миллат ҳарф мезанад, дуруғ мегӯяд зеро барои чунин нафароне, ки ҳамаи арзишҳоро бо пулу сармоя фурӯхтаанд, фаҳмиши миллате, ки мутобиқи замони муосир бошад, вуҷуд надорад. Барои наҳзатӣ миллат бовару эътиқодҳояш ва манфиату ҳайсияти фардиаш аст. Гоҳе ки аз демократия ва ҳуқуқи башар ҳарф мезанад боз ҳам дуруғ мегӯяд ва шайёдию маккорӣ мекунад, зеро мазҳабии мутаасиб, ки ҳамеша пайгири ҳукуматҳои истибдодист ва онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба мардумсолорию ҳуқуқи башар арҷ гузоранд. Аз ин рӯ аз ҳуқуки башар ҳарф задани Кабирӣ гул задании ҷомеаи чаҳонист. Ришу дасторро канор задании ӯ ва галстуку шиму костюм пушиданаш як навъ маккории сиёсист, ки бо он мехоҳад нишон диҳад, ки як марди мудерн аст. Ҳол он ки мудерн будан дар андеша аст на дар шакл ва худое нокарда агар сари қудрат ояд, бар зидди ҳамаи ҳарфҳое қарор мегирад, ки қаблан зада буд ва далелаш ҳам бисёр содда хоҳад буд. Яъне ҳамчун як шиъа хоҳад гуфт, ки он замон ба хотири дину оин ин амалҳоро анҷом додем. Намунаи воқеии инро метавон дар инқилоби исломии Эрон баръало мушоҳида кард. Дар баробари ин ҳама ҷиноёте, ки солиёни дароз дар кишвар ба вуҷуд оварда мардумро ба тавтеа кашониданд, ҷавоноро гул зада гумроҳ намуданд, ба миллату ватану дину мазҳаб хиёнат карданд, нашармида имрӯз назди созмонҳои байналмилалӣ даъво аз ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоӣ мекунанд. Мехоҳанд аз ин роҳ ҳамаи ҷаҳонро гул зананд. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд ин гурӯҳи хиёнаткору ҷиноятпеша назди қонун ва мардуми Тоҷикистон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code