Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки   12-уми   май  доир гардида буд,  бо изҳори нигаронӣ аз вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, бори дигар  таъкид карданд: «Дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад».

Воқеан ҳам, дар ҷаҳони имрӯз доираҳои манфиатхоҳ ҷавонони аксар кишварҳои осебпазирро мағзшӯӣ намуда, дар зеҳну шуури онҳо андешаҳои бегонапарастиро ҷой медиҳанд. Истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ яке аз манбаъҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва ифротӣ гардида, ҳар яки моро водор месозад, то дар тарбияи насли ҷавон, дар тинати онҳо бедор кардани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, созандагиву бунёдкорӣ бештар талош намоем. Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандии дар кишвар бавуқӯомадаро ба онҳо фаҳмонем, огоҳ созем, то хубу бад, дӯсту душманро шиносанд. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дошта бошанд, дар ҳама ҳолат барои ҳифзи Ватану сарҳад ва  сарзамини хеш омода бошанд.  Аз ин ҷиҳат, Сарвари давлат дар суҳбату мулоқотҳояшон бо мардуми кишвар пайваста ёдовар мешаванд, ки мо набояд ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллиро аз даст диҳем. Имрӯз аз ҳарвақта бештар зарур аст, ки  бо насли ҷавон кор кунем, шурӯъ аз оила, боғча, мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо дар ин роҳ муваззаф ҳастем. Сабақи  начандон дури таърихи миллат моро бори дигар ҳушдор месозад. Дар суханронии пурмуҳтавои худ Пешвои миллат зикр карданд, ки «моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо суиистифодаи дин ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.»
Имрӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатхоҳи зархарид мехоҳанд оромии кишвари моро халалдор созанд, иғвоҷӯӣ мекунанд, ҷавононро гумроҳ намуда, ақидаҳои ифротии худро дар андешаи онҳо таҳмил доданианд. Дар ин раванд, танҳо сарҷамъиву иттиҳод ва шинохти миллат метавонад мардуми шарифи Тоҷикистонро  дар ин гирдоби пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва набардҳои абарқудратон наҷот бахшад ва миллатро зинда нигоҳ дорад.
Таърих борҳо шоҳиди чунин набардҳо ба хотири тақсим кардани  дунё ва ҳукмрони мутлақ будани манфиатхоҳон будааст ва ин раванд дар ҷаҳони имрӯз бо шаклу услуби нав зуҳур карда, аз миллатҳо ва давлатҳо ҳушёрии баланди сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъии комил, ҳифзи арзишҳои миллиро ба хотири наҷоти ҳастии миллатҳояшон тақозо мекунад. Миллати тоҷик низ дар ин печутоби замони нав дар канор нест.   Ҳузури насли ҷавон дар шоҳроҳи иттилоотӣ, дастрасии онҳо ба имкониятҳои фазои интернетӣ, бавижа технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ҷиҳати ташаккули  шахсияти онҳо на танҳо ёрии фаровон мекунад, балки мушкилоти зиёде низ ба вуҷуд меорад.   Дар ҷомеаи имрӯза ҷавонон сарчашмаҳои гуногуну мухталифи иттилоотро  дар ихтиёри худ доранд, ки аз онҳо  хусусиятҳои арзишнок ва хосси тарзи зиндагии  худро дармеёбанд. Аз ҷониби дигар, таъсири ин сарчашмаҳо нақши хонавода, маҳал, хусусиятҳои миллӣ ва миллиятро кам мекунад ва масъулиятро бештар. Ишора ба ин Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон  изҳор доштанд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Яке аз самтҳои ниҳоят пурсамари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва такя ба неруи насли ҷавон аст. Ва ин таваҷҷуҳи махсус  ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди миллатро водор месозад, ки дар роҳи эҳёи дубораи давлату давлатдорӣ, фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқаддасоти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот  тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сафарбар намояд.
Дар ин мулоқоти хотирмон Сарвари давлат бори дигар ёдовар шуданд, ки «ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расондани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code