Дар ҳошияи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гашт, чунин иброз доштанд: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

Ин таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд роҳбарони кишварҳои оламро ба андеша водор созад. Зеро имрӯз аз оқибати амалҳои террористиву ифротгароӣ дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд, зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар макону манзили зисташонро тарк кардаанд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехӯрад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли 2017 дар натиҷаи амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд, ки 32 дарсади қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
Вале, мутаассифона, дар баъзе кишварҳо неруҳое ҳастанд, ки аз ин зуҳурот – терроризму экстремизм ба сифати як хадамоти махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, геостратегӣ ва минтақавиашон истифода мекунанд. Чунин муносибат нисбат ба ин вабои аср моро ба мулоҳиза кардан водор месозад. Чунки “…кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд”.
“Террорист террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгаро” буда наметавонад, бо он дар сатҳи байналмилалӣ бояд мубориза бурд. Чунки “…муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад”.
Дар робита ба ин, таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест: “Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд. Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонда, ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад… Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод, ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад”.
Аз ин рӯ, натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷониби кулли кишварҳои олам бояд ба инобат гирифта шаванд ва ба сифати як барномаи мушаххасу мукаммали мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ татбиқ гарданд.
Шинохти ягонаи мафҳумҳои терроризму ифротгароӣ ва қабулу роҳандозии барномаи муштараки мубориза алайҳи онҳо барои вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарноки аср мусоидат менамояд ва инсониятро аз чандин фоҷиаи навбатии мудҳиш мераҳонад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code