ҲНИТ. ҲАММАСЛАКУ ҲАМПЕШАИ ДИИШ

Дар  истинод ба мадракҳои муътамад ва иқрори як қатор сарварони дастгиршудаи ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ маълум гардидааст, ки маҳз тавассути ин ҳизби ифротгаро дар байни аҳолии баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ва муҳоҷирон шабакаи пинҳонии таблиғотӣ ва интиқоли афроди гумроҳшуда ба майдонҳои ҷанги ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ташкил ва танзим мегардидааст. Аз 1140 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи омори расмӣ дар сафи ”Давлати исломӣ” меҷангиданду меҷанганд, беш аз нисфи онҳо ба воситаи шабакаи мазкур ба муҳорибаҳои хунини ифротгароёни исломӣ ҷалб шудаанд.
Аз лиҳози моҳият ва муҳтаво аҳдофи ТТЭ ҲНИТ ва  ДИИШ аз  ҳам  тафовути ҷиддӣ ва зиёде надоранд. Зоҳиран он чиро, ки  ДИИШ дар сатҳи “Хилофати исломӣ” татбиқ кардан мехоҳад, ҲНИТ дар сатҳи кишвари мо мехоҳад татбиқ кунад, зеро танзими муносибатҳои афроди ҷомеа аз дидгоҳи ин ду гурӯҳи ифротӣ бояд на бар асоси қонунҳои амалкунанда, балки ҳатман ва комилан бояд бар мабнои шариат ба роҳ монда шаванд. Маҳз ҳамин ҳадафи умумӣ водор мекунад, ки аъзои наҳзат Ватан ва наздикону пайвандони худро ҳавола ба тақдир карда, барои дастёбӣ ба ин “ҳадафи воло” ба Сурияву Ироқ ва дигар манотиқи ҳузури ДИИШ раванд ва ба ин тариқ ноогоҳона ба бозичаи дасти коргардонҳои саҳнаҳои сиёсат табдил гарданд.
Агар ба эътибор гирем, ки ТТЭ ҲНИТ дар арсаи чунин муҳорибаҳои хунини ифротгароён бозигари навзуҳур нест ва таҷрибаи хеле тӯлонии муборизаи сиёсӣ ва мусаллаҳонаеро дорад, ки ҳатто ДИИШ надорад,  пас метавон пай бурд, ки ҳузури чунин ҳизби ифротӣ ва саркардагони тундраву мутаассиби он, ки дастҳояшон дар хун олуда аст, дар арсаи сиёсии ҷомеаи мо то кадом андоза хатарзо хоҳад буд.
Ҳанӯз дар солҳои 90 – уми асри гузашта ТТЭ ҲНИТ бо кумаки сарпарастони бурунмарзии хеш тавониста буд, ки дар кишвари мо аз лиҳози идеологӣ заминаи ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд оварда, бар мабнои он муборизаи мусаллаҳонаи густурда ва бардавоми хуношомеро роҳандозӣ намояд. Дар натиҷаи  амалгароиҳои  тунд-равонаи беш аз панҷсолаи ТТЭ ҲНИТ ва ҳаммаслакони он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор кӯдакон ятиму бепарастор монданд. Беш аз 2 миллион шаҳрванди кишвар бар асари ин ҷанги хонумонсӯз бехонумону дарбадар ва муҳоҷир шуда хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА хисорот дид. Ҳамаи ин оқибатҳои фоҷиабори “инқилоби исломӣ” ва зарари моддиву маънавиеро, ки миллати тоҷик тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳаммул карда буд, наметавон бо сухан тасвир намуд. Тамоми ин фоҷиаҳо фақат ба хотири он ба вуҷуд омада буданд, ки як гурӯҳи маҳдуди манфиатҷӯи ҷомеа бо суиистифода аз номи ислом ва арзишҳои исломӣ мақсад доштанд, ки тибқи барномаҳои дарозмуддати хоҷагони хориҷии худ ва бо таҳрику дастгирии онҳо қаламрави нуфузи инқилоби исломии охундиро густариш диҳанд. Маҳз ба хотири татбиқи аҳдофи тавсеаталабонаи тарроҳони бурунмарзӣ буд, ки муздурони манфиатҷӯ дар кишвари мо бо мағзшӯӣ аз ҳисоби афроди ноогоҳ гурӯҳҳои мусаллаҳи радикалии исломӣ таъсис дода, барои ғасби ҳокимияти конститутсионии секулярӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо кардани ҳокимияти динии асримиёнагӣ бар асоси муқаррароти шаръӣ даст ба қатли мардуми бегуноҳ  заданд. Ҳатто баъди имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ин ҳизби ифротгаро тавассути гумоштаҳои худ садҳо теракту сӯиқасд ташкил карда, боиси марги ваҳшиёнаи ҳазорон нафар гардида буд.
Яке аз чунин амалҳои ҷинояткоронаву хоинона ва густурдаи террористии наҳзатиҳо ин амалиёти низомии генерали наҳзатӣ – Абдуҳалим Назарзода буд, ки аслан бо мақсади табаддулоти давлативу дар зимн дигар кардани низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ пайваст. Тарроҳони ин амалиёти ҷиноятӣ гумон доштанд, ки бо шурӯи муборизаи мусаллаҳонаи худ ҳадди ақал оташи ҷанги шаҳрвандиро дигарбора дар кишвари мо меафрӯзанд ва хати ҷабҳаи ҷангро дар манотиқи шарқии Тоҷикистон аз нав эҳё мекунанд. Бо ин усул “дарвозаи кӯҳистон” – и кишварро ба рӯи аҳзоби тундгарои ҳамтои худ, ки дар он сӯи марз омодагӣ мегирифтанд, боз менамоянд.
Баъди аз байн бурдани ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 2015 маҳз мақомоти махсуси яке аз давлатҳои шарқ аз саркардаҳои ТТЭ ҲНИТ ба таври ошкоро ҳимоят карда, то ҳанӯз онҳоро таҳти сарпарастии маънавӣ ва молиявии худ қарор медиҳад. Ин масъала суолбарангез аст, ки чаро мақомоти махсуси ин давлат ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи сияҳномаро аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик, ки онро аз рӯи таоруф миллати бародар мехонад,  афзал медонад? Зери косаи ин сиёсати мутаноқиз чӣ нимкосае пинҳон аст?
Дар иртибот ба таҳқиқоти тасдиқшуда маълум шудааст, ки ТТЭ ҲНИТ ҳанӯз дар солҳои 90 – уми асри гузашта замони шурӯи фаъолияти сиёсии хеш бо мақомоти махсуси давлати шарқ робитаи мустақими пинҳонӣ дошта, пас  аз  паноҳ бурдани ҳайати роҳбарии худ дар ин кишвар  ба таври ошкоро бо он ҳамкориро ба роҳ монда буд, ки ин равобит мутаассифона, то ҳол барқарор аст. Ҳамкориҳои наҳзат бо мақомоти махсус на фақат аз лиҳози идеологиву назарӣ, балки аз лиҳози низомӣ низ хеле густурда буд. Садҳо аъзои ТТЭ ҲНИТ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи коршиносону мутахассисони низомии давлатҳои шарқ бо шеваи мактабҳои махсуси террористӣ тарбият ёфта, баъд аз пушти сар кардани мароҳили омӯзишӣ барои амалиёт ба кишвари мо фиристода мешуданд. Тӯли панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, садҳо дастпарвари макотиби террористии шарқ ҷангиёни мухолифро бар алайҳи артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда, боиси идомаи ҷанги бародаркӯш ва бештар  гардидани теъдоди қурбониёни он мешуданд. Ба ҷуз ин, дастпарварони макотиби террористӣ дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он дар мавзеъҳои мухталифи кишвар даҳҳо амали террористӣ ва сӯиқасд ташкил карда, боиси марги садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла шахсиятҳои маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ шуда буданд. Қатли сиёсатмадори шаҳир ва раиси Порлумони вақти кишвар Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ,  олимони маъруф Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, мушовири  Президент Карим Юлдошев, адиби шинохта Сайф Раҳимзод, муфтии марҳум Фатҳуллохон Шарифзода ва 20 афсари пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  муште аз хирвори ифроткориҳову ҷиноятҳои бешумори ТТЭ ҲНИТ аст.
Аз ин сабаб, ТТЭ ҲНИТ дар радифи аҳзобу ҳаракатҳои тундраву ифротие, чун ”Давлати исломӣ” «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва дигар ташкилотҳои экстремистӣ аз тарафи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (РАТС ШОС) таҳти №79 ба рӯйхати аҳзобу ҳаракатҳои тундраву ифротие ворид карда шудааст, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзои ин созмон манъ шудааст.
Мароми аслии ТТЭ ҲНИТ ва аҳзоби террористии сатҳи минтақа, аз ҷумла ДИИШ ҳама аз як манбаъ маншаъ мегиранд. Тамоми ин аҳзоби ифротгаро дар фикри шикасти давлатҳои қонунии кишварҳои худ ва барпо намудани “Давлати исломӣ” буда, баҳри дастёбӣ ба ин ҳадаф корбурди ҳама гуна  василаҳои имконпазир, аз ҷумла террору ҳаросафканӣ ва ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом муҷоз медонанд, дар ҳоле ки ҳамеша поку мубин будани дини исломро тазаккур медиҳанд. Роҳкорҳои ғайриинсонии  ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротгарои диниву мазҳабӣ дар Сурия, Ироқ, Либия ва Афғонистон мисоли равшану возеҳи ин иддаост, ки ба мисли аъмоли ваҳшиёнаи ТТЭ ҲНИТ боиси костагии обрӯи дини ислом ва мардуми  мусулмон гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code