ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ Ё ЧАРО НАҲЗАТИҲО «ҲАВЛӢ»-РО «ҲАЛВО» МЕФАҲМАНД?

Дар сомонаи кисагии ТТЭ ҲНИТ бобати он ки Умар ал – Башир, раисҷумҳури Судон, дастур додааст, то тамоми зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар озод карда шаванд, иттилое нашр шудааст. Сомонаи  сафсатанавис дар шарҳи ин тасмим навиштааст, ки он «ба хотири фароҳам кардани замина барои ширкати ҳама неруҳои сиёсӣ дар машваратҳо дар бораи масоили миллӣ, ниёзҳои марҳалаи оянда ва амалӣ намудани талаботи қонуни асосӣ» гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол сомона аз қавли Салоҳ Қӯш, мудири кулли дастгоҳи амниятии Судон гуфтааст: «Озодии зиндониҳо ба рафтори хуби аҳзобашон бастагӣ дорад».
Таваҷҷуҳ зоҳир намудани наҳзатиҳои террорист ба ин масъала мақоли халқии «дар пеши кӯдак ҳавлӣ нагӯ, ки ҳалво мефаҳмад» – ро ба хотирам овард. Дар бораи зиндониёни Судон ва рафтори хуби аҳзобашон чизе намегӯям, вале онҳоро бо худашон муқоиса намудани наҳзатиҳо хандаовар аст. Зеро наҳзатиҳо то баногӯш ба гуноҳ ғарқанду ба андешаи ҳуқуқшиносон ҳукми нисбат ба фаъолони ТТЭ ҲНИТ содиршуда дар муқоиса ба таҷрибаи байналмилалӣ, ҳатто давлатҳое, ки алъон роҳбарони фирории наҳзат онҷо пинҳон шудаанд, хеле сабук аст. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид  зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Ҳол он ки дар асл  ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронда шудааст. Вале бо вуҷуди ин, қувваҳое буданду ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд. Дар робита ба масъалаи мавриди назар сухан на дар бораи муқовимат бо ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён, ҷудоихоҳон, ғоратгарону роҳзанҳо меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткориву моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба номи дини мубини ислом доғ меоранд.
Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад. Бо назардошти он ки дар фаъолияти наҳзатиҳо ин омилҳо баръало буд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Ҳама медонанд, ки ТТЭ  ҲНИТ тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Вобаста ба марҳилаи мавҷудияти ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ, ки «доҳи» – ёнаш онро дорои таърихи зиёда аз 40 сола арзёбӣ мекунанд, бояд гӯям, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 1991 ташкил шуда, бинобар вазъи номуътадили ҷомеа фаъолияти он аз соли 1992 то соли 1997 дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфта, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 дар асоси қарори раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия сабти ном  гардид. Пешвои миллат ба хотири ваҳдати миллӣ бори дигар ба ин ҳизб имкон доданд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар шарик бошад.  Мутаассифона, бархе аз аъзои он бо сӯиистифода аз озодии фаъолият пайваста пайи рахна кардани амнияти кишвар гашта, даст ба амалҳои хоинона заданд.
Маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки дар ибтидо шумораи аъзои ҲНИТ 46000 нафарро ташкил дода, баъдан тадриҷан коҳиш ёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2015 – ум 30071 нафарро ташкил додааст. Тамоюли камшавии шумораи аъзои ҳизб идома ёфта, ниҳоят то моҳи июли соли 2015 шуъбаву бахшҳои ибтидоияш фаъолияти худро ихтиёрӣ қатъ намуданд.
Далелҳо бозгӯи онанд, ки аз ҷониби роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ шумораи аъзои он хеле зиёд арзёбӣ мегардид. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба аъзои ҳизб рабтдошта  мувофиқи протоколи кофтукови ҳуҷраҳои кории узви раёсати олии ҳизб зиёда аз 2470 аризаи аъзои ҳизби мазкур дар хусуси аз узвият ихтиёран баромадан ёфта гирифта шуд, ки ба ин муроҷиати онҳо масъулини ҳизб умуман ҷавоб нагардондаанд.
Гарчанде ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафҳои асосии таъсисёбии ҲНИТ эълон шуда бошанд ҳам, тайи солҳои охир аъзои он ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, бо чунин кирдори худ дар байни аҳолӣ норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардидаанд, ки оқибат ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамуд. Охируламр ин «бузург» – он кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданро карданд.
Бинобар ин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 аризаи даъвогии Прокурори генералӣ қонеъ гардида, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстримистӣ эътироф карда шуд. Ба ибораи дигар, «чоҳкан зери чоҳ»…

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code