Экстремизм ва таъсири он ба ҷомеаи башар

Дар оғоз мехостем, доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна ва таърихи пайдоиши онҳо чанд сухан гўем. Сарвари давлати ҷавони мо Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуданд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои аҳли ҷомеаи мо равшан бод, ки чаро Президенти мамлакат оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду ҳушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба ташвиш овардааст.

Пеш аз он ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб сухан ронем, барои худ зарур шуморидем, ки дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чанд сухан гўем. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир бозгў кардаанд, ки мухтасаран хонандагони гиромиро ошно месозем…

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурўҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд. (Барои исбот ва таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгўи таърихи гузаштаи ин раванди номатлуб нест).

Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, «терроризми сиёсӣ» ном гирифтааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии «Красные бригады», «Фраксия Красной Армии», «Японская Красная Армия» ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакатҳои худро ноором месохтанд. Амалҳои террористии ин ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чӣ гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши дохилӣ чӣ тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чӣ гуна пеши оташи хонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст.

Дар ин масъала мақоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан месазад. Аммо гурўҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонданд.

Аз ҷумла, бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, ҳадафҳои асосии фаъолияти таҳрибкории онҳо террори роҳбарони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, намояндагони ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ қарор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ гурўҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўҳҳо амалҳои террористӣ нисбат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, раиси ноҳияи Ғарм Б.Музаффаров, депутати Маҷлиси Олӣ А.Неъматов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ, муовини ў Минҳоҷ Ғуломов, аъзоёни Комисcияи оштии миллӣ О.Латифӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Кенҷаев, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон К.Юлдошев, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳимов, куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористӣ содир карда шуданд.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти терро-ристӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишвар рўйдода, аз ҷумла фирор кардани 25 нафар ҷинояткорон аз маҳбасхонаи муваққатии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиётҳои ҷангии рухдода байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ дар минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик, инчунин таркиши рўзи 3-юми сентябри соли 2010 дар бинои шўъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳодисаи дар ҷамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфараи ин вилоят ба амал омада, аз гуфтаҳои боло гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки зиёда аз 90 фои- зи аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парас-тиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои ба Тоҷикистон душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд.

Чунонки дар ибтидо зикр карда шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Ҳанўз ибтидои сол дар яке аз баромадҳои худ Сардори давлат таъкид намуд, ки дуруст иҷро нагардидани нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дав-раи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар вилояти Суғд низ ба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд…

Нисбат ба сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои араб ва дигар давлатҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ҳаминро бояд иброз намуд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла ҷараёнҳои “Ваҳҳобия”, “Салафия” ва ғайраҳо оғоз намуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд намуда истодаанд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Инчунин, дар муассисаҳои таъли-мӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад,чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрўз ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code