Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи якуми асри XXI терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи инсоният қарор гирифта, ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи он муайян карда шавад. Мутаассифона, тайи солҳои охир чунин гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ингуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзоёни ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода, мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.
Надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегардад. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои эксремистӣ ба хуби дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои худ қайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро метавонем дар ҳодисаҳои Ироқ, Либиё, Сурия ва Украина мушоҳида намоем.
Дар чунин вазъият, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ниҳоят мураккаб буда, вай ба ҷаҳони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб табдил ёфтааст.
Ҳамчунин бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мо устодон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғайра самаранок истифода намуда, дар баробари мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши босазои худро гузорем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code