ҲНИТ. САРОҒОЗИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ
Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, ба монанди терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.
Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.
Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо суиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИТ зери шиорҳои динӣ баромад карда, аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.
Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардуми он барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИТ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида буд ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд, на чизи дигар.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро ба сураву оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо пайваст намуда, ҳамаи онҳоро сарманшаи кори худ меномиданд. Бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои бади шайтонию аҳриманӣ истифода мебурданд. Онҳо худро муъмину мусалмон хонда, олимону зиёиён ва кормандони давлатиро кофир меномиданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки мардумро бар муқобили давлату Ҳукумат шӯронда, ба муноқиша ва низоъ бархезонанд.
Аз чунин тарзи гуфтору рафтори террористони наҳзатӣ бар меояд, ки гӯё Аллоҳ Худои шахсии эшон бошаду тамоми аҳкому аркони исломӣ танҳо ва танҳо ба хотири ин фасодкорону бадахлоқон нозил шудааст. Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию носуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.
Ба гуфтаи худи террористони наҳзатӣ, яке аз эродҳои ҷиддие, ки онон нисбат ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд, ин манъи ба масҷид рафтани наврасони то синни ҳаждаҳсола ва бастани дари бархе аз масоҷиди ғайриқонунӣ мебошад. Ҳам тиб, ҳам биология ва ҳам антропология бо саҳеҳият ва дақиқияти хеле калон собит кардааст, ки организми наврас дар ин синну сол ҳанӯз ҷавон ва дар раванди ташаккулу шаклгирӣ қарор дошта, ҳар нақши дар ин муддат дар мағзи он гузошташуда ҳамбақои умр мешавад. Дар баробари ин, ҳаводиси даҳшатангези ҷаҳони имрӯз ба пуррагӣ шаҳодат медиҳанд, ки тамоми террористон ҷавонони дар ҳамин синну сол қарордошта ва таҳсилкардаи макотиби динии ғайрирасмӣ мебошанд. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИТ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату Меҳан бархезонид.
Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишвари моро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Зеро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид басо зарур ва айни муддао буда, ба хотири нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ифротгаро ва моҷароҷӯе, чун ТТЭ ҲНИТ ва илмомӯзию донишазхудкунии наврасон ба тавсиб расидааст. Қарори мазкур ҳам аз назари ҳуқуқӣ, ҳам аз диди сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ комилан дуруст ва ба тамоми талаботу меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар давоми солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард. Вале, ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва марказҳои исмоилӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти кишвар, Шӯрои уламои маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ, 19 мадраса, дигар иттиҳодияву созмонҳои динӣ мавҷуданд). Ин воқеият на танҳо аз назари мардуми шарифи Тоҷикистон, балки аз назари тамоми аҳли сайёра берун монда наметавонад. Муҳаққиқи русиягӣ А.Шустов дар мақолаи худ бо номи «Исламизация в Таджикистане» (Третий взгляд, 09.09.2010) навишта буд, ки: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд. Ин дар ҳолест, ки солҳои ҳокимияти шӯравӣ, яъне то соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекард. Ҳиссаи мусалмонони кишвари мо дар ин муассисаҳо хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд. Ба шарофати истиқлолият, дар Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, ки дар соли аввал ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ дошт. Ҳоло бошад, танҳо дар ин донишкада беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд ва дар назди он гимназияи исломӣ фаъолият дошта, қариб 700 нафар толибилм таҳсил мекунад ва аз ин шумора 291 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳамин тавр, агар дар тӯли беш аз 70 соли шӯравӣ ҳамагӣ зиёда аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошад, дар давраи истиқлолият ҳазорон нафар бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ҳаҷ кардаанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то соли 1943 аз тамоми ИҶШС ҳамагӣ 3 нафар ба маросими ҳаҷ рафта буд, вале дар мавсими ҳаҷи соли 2010 – ум 5336 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷ кард. Ин адад дар соли 2011 қариб ба 5,5 ҳазор расид. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва сиёсати дурусти роҳбарияти кишварамон мебошад.
Аммо роҳбарони ТТЭ ҲНИТ тамоми имкониятҳои дар самти дин фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон ҳам аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анҷом додани табаддулоти ҳарбии давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд.
Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои ТТЭ ҲНИТ ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, ки пештар фирефтаи муллоҳои наҳзатӣ шуда буданд, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд. Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТТЭ ҲНИТ намегарданд.