АГАР ҲНИТ НАМЕБУД…
Таърих шоҳиди ҷангу низоъҳои зиёди хунин аст, ки бештар рӯйи ихтилофи динӣ – мазҳабӣ тамаркуз мекунанд. Доираи ихтилофи динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, ҷаҳлу таассуб ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби рӯҳонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, сӯфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас мешаванд, тавсеа ва густариш меёфт.
Мутаассифона, дар сад соли охир ҳам ин қишри ҳангомасоз ва худхоҳ боиси ноҷӯриҳои ҷиддӣ дар низоми зиндагии мардуми мусулмон гардида, талошҳои собиқадори онҳо дардисарсозанд. Илова бар ин, рӯҳонияти муҳофизакор ва авомфиреб ҳамеша дунболи қудрат мегардад ва ҷиҳати ғасби қудрат аз тамоми шеваҳои машрӯъ ва ғайримашрӯъ истифода мебарад. Қудратмадорӣ ва салтанатхоҳии ин тоифа аз зеҳни мағшуш ва ошуфтаи онҳо сарчашма мегирад. Бо макру ҳиял ва найрангу фиреб мардумро ба дом медароваранд ва дар хидмати худ қарор медиҳанд. Шоир маҳз ҳамин маъниро дар назар гирифта, гуфта буд:
Ту зи макри шайху сӯфӣ, аҷабо, хабар надорӣ,
Ба ҷуз аз ду марди найранг ту, ки чорагар надорӣ.
Ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои шастуми асри ХХ сар карда, насли нави рӯҳониёни маҳаллӣ пинҳонӣ ба мубориза алайҳи низоми давлатдории шӯравӣ шӯриданд ва тадриҷан қишрҳои гуногуни иҷтимоиро ба роҳи мубориза даъват намуданд. Муқовимати пасипардагӣ бо мафкураи коммунистӣ, ки бар пояи афкори дунявӣ бунёд ёфта буд, дар давоми солҳои ҳафтодуми қарни гузашта оҳиста – оҳиста шакли муборизаи дастаҷамъонаи ҷавонони мазҳабиро ба бар кард. Аз заифии блоки идеологии кишвар ва бетафовутии масъулони ҳизбӣ – сиёсӣ истифода бурда, дар водии Вахш созмони сиёсие таҳти унвони Ҳаракати ҷавонони исломии Тоҷикистон таъсис ва минбаъд густариш ёфт. Дар заминаи созмони сиёсии динӣ ҳалқаҳои дарсӣ ва тадрисӣ (манзур ҳалқаҳои дарсии динӣ) дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ташкил шуданд, ки насли ҷавони муллоҳои наҳзатӣ дар баробари тадриси масоили динӣ – мазҳабӣ, ҳамчунин ба масоили сиёсӣ, ақидатӣ ва мафкуравӣ дахл карда, муридон – сабақгиронро ба муборизаи сиёсӣ омода менамуданд. Ҳамин тариқ, ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ дар шакли ибтидоӣ таъсис ёфт ва барои рӯйи даст гирифтани мардум ва ҷомеа иқдом кард. Албатта, барномарезиҳои ибтидоие, ки ТЭТ ҲНИТ ва раҳбарияти вақти он роҳандозӣ кардан мехостанд, аз ҷониби мардум ва табақоти иҷтимоӣ пазируфта нашуд. Акнун масъалаи муҳим ба даст овардани насли ҷавон, ки хуни гарм дошт, аввалиндараҷа ҳисобида шуд ва гурӯҳҳои таблиғотии ҲНИТ корро дар самти ҷалби ҷавонон ба тарафи наҳзат ҷоннок намуданд. Бо ин ният, дастандаркорони наҳзатӣ аз ҳисоби муллоҳои нисбатан ҷавон ҳалқаҳои дарсиро дар водиҳои Вахш, Қаротегин (Рашт), шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ таъсис дода, ба таври пинҳонӣ ҷараёни муқовиматро алайҳи низоми дунявӣ, ки аз ҷониби онҳо ҳамчун низоми бебандубор ва бехудо талаққӣ мешуд, таҳким бахшиданд. Он замон насли ҷавони ҲНИТ намедонистанд, ки бо чӣ созмоне сари кор гирифтанд ва оқибати кор ба чӣ фоҷиае меанҷомад?
Бояд ёдовар шуд, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳонияти наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиёни тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар масири муборизоти мазҳабӣ рӯҳонияти исломӣ таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ТЭТ ҲНИТ) – ро, минҳайси сарчашмаи мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ – мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон» – и рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ харҷу марҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ – мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гӯшаҳои даргири қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқӯъ пайваста, боиси ҳалокати зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ҲНИТ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. Ҳосили ин «ширкати фаъол» – ро метавон имрӯз дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди ҳар як тоҷикистонӣ ба хубӣ мушоҳида кард. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ТЭТ ҲНИТ ба истилоҳи ҳуқуқи ҷиноятӣ фигуранти асосии силсилаи ҷиноятҳо маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муддате аз масири рушду тараққӣ боздошт. Махсусан, омил ё фактори мазҳабзадагӣ мисол ва намунаи асосиест, ки ҷомеаи тоҷикро аз масири таҳрикот ва таҳаввулот канор гирифт. Аз тарафи дигар, агар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид.
Мубориза бо низоми дунявӣ, ки зидди назарияҳои хушки хурофоти динӣ мебошад, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат буду ҳаст. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пӯшиши либос риоят мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раёсати сиёсӣ ташаккул ёфт, ба хотири ҷалбу ҷазби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ корбаст намуд. Аз ин ҷост, ки барои рӯйпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТЭТ ҲНИТ аз василаи мудерн кардани зоҳир – ба бар кардани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риоёти ҳадафмандонаи низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабиро пинҳон доштан ва амсоли инҳо васеъ истифода мебарад. Методикаи муборизоти сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТЭТ ҲНИТ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006-2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва муҳимтар аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва мамолики мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТЭТ ҲНИТ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири аврупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати исломи асримиёнагӣ, ҷамъовари амволи мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини динӣ, барҳам задании низоми дунявӣ, афзудани фабрикаи истеҳсолоти барда ва ғайраҳо). Қудратхоҳии раҳбарияти наҳзат ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз боварии мардум суиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ суиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд. Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИТ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст