ВАҲШОНИЯТЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ НАЗИР НАДОРАД

Даҳшату ваҳшате, ки имрӯз дар кишварҳои мусулмонӣ дида истодаем, ҳеҷ як фарди солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Зеро чунин ваҳшоният дар таърих назир надорад ва он аз ҳар ҷиҳат ба зарари худи мусулмонҳост. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ чунин ибрози назар намуд: «…зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Воқеан, ҷангу куштору терроре, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳо рух дода истодаанд, ба дини мубини ислом ҳеҷ рабт надоранд. Чунин муносибат дар сарчашмаҳои муътабари ин дини муқаддас, чун Қуръон ва аҳодиси набавӣ рад шудааст. Аз ҷумла, Худованд дар сураи «Моида» (ояи 32) чунин фармудааст: «Ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо куштааст».
Ҳадаф аз ин фармудаи Худованд қатли афроди бегуноҳ аст. Яъне, агар касе бегуноҳ қатл шавад, мисли он аст, ки тамоми мардум кушта шуда бошад. Дар ҳамин замина, дар китоби «Суннан-ан-Насоӣ» аз Абдуллоҳ писари Амр ривоят шудааст, ки Пайғамбари Худо (с) гуфтанд: «Ҳароина заволи дунё осонтар аст дар назди Худо аз куштани як марди мусалмон».
Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳодисаи аз ҷониби фарзанд қатл гардидани модар дар Сурия ишора карда, онро сахт маҳкум намуд ва ин кирдорро аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ ва дину имон берун донист.
Худованд дар сураи «Нисо» (ояи 36) чунин мефармояд: «Худоро ибодат кунед ва ҳеҷ чизро ба Ӯ шарик накунед ва ба падару модар некӣ кунед» ва дар сураи «Исро» (ояи 23) дар арҷу эҳтиром гузоштан ба падару модар чунин фармудааст: «Он гоҳ ту ба онҳо «уф» магӯ, бар онҳо бонг мазан ва ҳамеша ба онҳо сухани нек бигӯ». Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе овардаанд, ки ҳатто бар модари худ, ки дар дини ту нест, эҳтиром бигузор. Дар ҳадисе ривоят шудааст, ки Асмоа, духтари Абубакр, гуфт: «Модарам дар ҳоле ки мушрика буд (исломро напазируфта буд), мутамоил (ё ҳаросон) ба наздам омадааст. Оё бо ӯ иртибот барқарор кунам?
Пайғамбар гуфтанд: «Оре» («Саҳеҳи Муслим»). Ё аз Муовия ибни Ҷаҳимаи Саламӣ нақл шудааст, ки Ҷаҳима ба назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: Эй Расули Худо, омадам, то дар бораи ҷаҳду кӯшиш барои пешрафти дин аз ту маслиҳат бипурсам». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Оё модарат зинда аст»? Гуфтам: «Оре». Он гоҳ Ӯ гуфт: «Ҳамроҳи ӯ (ва дар хидмати ӯ) бош, зеро биҳишт зери пойи ӯст» (Суннан-ан-Насоӣ).
Бояд таъкид дошт, ки ба воситаи таблиғу ташвиқи ҷараёнҳои муосири экстремистӣ баъзе ҷавонони тоҷики ноогоҳ аз асолати динию мазҳабӣ ба хотири ба даст овардани маблағ ба онҳо гаравидаанд ва вориди ин гирдоби даҳшату ваҳшоният шудаанд.
Бинобар ин, дар заминаи таъкидҳои мунтазами Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва нагузорад, ки ба вазъи сиёсӣ ва низоми сулҳу суботи мамлакати мо халале ворид гардад. Бинобар ин, падару модарон, устодону муаллимон ва умуман ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба ин ҳаводиси ҷаҳон бо дидаи ақлу хирад назар кунанд ва барои нигаҳ доштани сулҳу ваҳдати пойдор дар сарзамини Тоҷикистон худро масъул шуморанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code