ВАБОИ АСР. ҶАВОНОНРО АЗ ОН ЭМИН ДОРЕМ

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро вабои аср – терроризму экстремизм ва зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ба ташвиш овардааст. Боиси нигаронист, ки ин гурӯҳҳо барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз ноогоҳии бархе ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба доми фиреби хеш мекашанд ва дар ниҳоят риштаи умри ҳазорон нафар ба дунболи аҳдофи бегона канда мешавад. Боиси таассуфи амиқ аст, ки теъдоде аз ҷавонони камсаводу гумроҳи тоҷик низ қурбони ин гуна найрангҳо шуда, ба сафи гурӯҳҳои ситезаҷӯву ифротгаро пайвастаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба ин масъала таъкид карданд, ки: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Дар пасманзари ин таъкиди Сарвари давлат ҳар яки моро зарур аст, ки дар робита ба масъалаи мавриди назар муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва аз пайвастани ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористидошта ҷилавгирӣ намоем. Бояд тарғиботи идеологиро дар ин самт вусъат бахшем ва бо ин роҳ аҳдофи фоҷиабори гурӯҳҳои тундравро, ки дар бисёр маврид бо истифода аз номи дини мубини ислом онро доғдор мекунанд, фош созем. Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро набояд фаромӯш кунем, зеро миллат дар ҳоли парокандагиву давлат дар остонаи нобудӣ қарор дошт, ки ҳосили ноогоҳиву ҷоҳилӣ, зиёдаравию фирефтаи гурӯҳҳои фурсатталаб шудани теъдоде аз мардум буд.
Танҳо ҷаҳду талош ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки аз ин даҳшатҳо раҳо шудем. Таҳти сарварии ин фарзанди фарзонаи миллат низоъҳои дохилӣ хотима ва мардуми парокандаи кишвар сарҷамъ гардиданд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои бузурги моддӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои беназири маданиву фарҳангӣ низ ноил гардид. Аз ин лиҳоз, ҷавонон метавонанд аз тамоми имконият ва шароите, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳсил, кору фаъолият ва маърифатнокиашон муҳайё кардааст, самаранок истифода намуда, ташаббускору созанда бошанд, кори хубро аз бад фарқ карда тавонанд. Зеро имрӯз дар тамоми зинаҳои маълумот, васоити ахбори омма, алалхусус, шабакаҳои телевизионӣ ва радио, нашрияҳои давлатию ҷамъиятӣ мунтазам оид ба ифротгароӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳар як падару модарро лозим аст, ки аз рафтору кирдори фарзанди худ бохабар бошад. Бояд огоҳ буд, ки фарзандон ба чӣ корҳо машғуланду бо киҳо дӯстӣ пайдо карда, бо атрофиён чӣ гуна муносибат мекунанд. Барои илмомӯзии онҳо ҳарчи бештар мусоидат намоянд. Зеро таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, перомуни он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code