ТЕРРОРИЗМ: БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ҲУШЁРИИ СИЁСӢ
Дар робита ба терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таҳлилгарон аз равзанаҳои гуногун менигаранд ва чунин ба назар мерасад, ки то кунун дар шинохти онҳо хулосаи амиқ ҳосил нашудааст. Чунончи, дар бисёр маврид терроризму экстремизмро ҳамчун василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод алайҳи тамаддуни дигар медонанд. Пӯшида нест, ки дар ин миён ангушти ишорат бештар ба дини мубини ислом рост мешавад, ки чунин иттиҳом ҳукми саҳеҳ нест.
Ин ҳақиқатро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки терроризму экстремизм хатари воқеӣ ба ҳар сокини сайёраи замин аст. Мутаассифона, гурӯҳу доираҳои алоҳидаи сиёсӣ ин воқеиятро нодида мегиранд ва аз ин хатар барои муборизаҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Вале ҷиҳати нигаронкунандаи масъала дар он зоҳир мешавад, ки бархе мусулмонҳои дорои иродаи заиф ва дар ғафлатбуда дар меҳвари бозиҳои геополитикӣ қарор гирифтаанд. Зеро онҳо аз таълимоти зотиву аслии ислом бехабаранд. Таҳаммулпазириро, ки асоси таълимоти дини мубини ислом аст, дарк наменамоянд. Боре ба ин ҳақиқат рӯ наовардаанд, ки даҳшатафканӣ ва разолату ваҳшоният ризои Худо нест.
Аз таҳлилу пажӯҳишҳои коршиносони масоили сиёсӣ, бахусус таҳлилгарони рус чунин бармеояд, ки доираи фаъолияти терроризму ифротгароӣ акнун шаклу қолабҳои навро пайдо карда истодааст. Ин шаҳодати он аст, ки геополитикаи ҷаҳонӣ доиман дар шакли шахшуда боқӣ намемонад ва феълан дар як ҳолати тағйирёбӣ қарор дорад. Таҷрибаи таърихи асри гузашта собит менамояд, ки асри 21 низ хоҳу нохоҳ гардишҳои наверо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад. Дар асри 20 ду ҷанги ҷаҳонӣ ба амал омад ва нимаи дувуми аср дар сангарҳои муқобил қарор доштани низомҳои сотсиализму капитализм ба заволи абарқудрати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуду дар ниҳоят сотсиализм низ як навъ фанои худро ёфт.
Акнун ҷаҳони «сармоядории ғолиб» тарҳҳои наву тираеро пайгирӣ намуда истодааст, ки дурнамои он барои аксар номаълум аст. Ин равандро алҳол ба таври умумӣ ҷаҳонишавӣ номидаанд, ки аллакай натиҷаҳои аввалини он падидор гаштааст. Нахустин натоиҷи он терроризми идоранашаванда аст, ки акнун чун обила дар пайкараи ҷомеаи башарӣ рӯ мезанад. Як навъ бозӣ будани идеологияи «демократикунонӣ» – сиёсатсозони ҷаҳонӣ ошкор гашта истодааст. Чунин ба назар мерасад, ки феълан кадом як сиёсате вуҷуд дорад, ки ваҳдати халқияту миллатҳои алоҳидаро барҳам задан мехоҳад. Мисоли онро на танҳо дар ҳаёти кишварҳои шарқӣ, балки дар давлатҳои аврупоӣ, назири Украина дида метавонем, ки алакай баъзе ҳудудҳои худро аз даст додаву дар пайи тақсимоти навбатӣ қарор дорад.
Табиист, ки дар раванди ин гуна муборизаҳо терроризму экстремизм симову ҳаракати худро тағйир медиҳад ва онро идеологияҳои фаъол барои манфиатҳои худ бо василаҳои нав истифода мебаранд. Ин маънии онро дорад, ки «ҷомеаҳои миллиарддор» ҳам аз хавфи ин омилу равандҳо дар канор буда наметавонанд.
Дар ин робита, моро зарур аст, ки ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди «зиракии сиёсӣ» таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, мувофиқ ба он амал намоем. Зеро равандҳои печидаи ҷаҳони муосир чунин амр – ро аз мо тақозо менамоянд.