ОСОИШ ВА АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Дар доираи шуури муқаррарӣ)

Навиштаҳо ва осори пурмазмуни сиёсатмадор Саймумин Ятимовро бисёр мутолиа менамоям ва ҳар бор ҳам эҳсоси наҷиби ватанхоҳиву адолатпарварӣ, муҳаббату самимият ба миллату сарзамини аҷдодӣ дар вуҷудам аз нав боло мегирад.
Маълум аст, ки инсоният дар давраҳои тараққиёти ҷамъият ба дастовардҳои бузург ноил шуда, дар баробари ин, ба шикастҳо низ дучор омадааст, ки ҷубронаш солиёни дароз мушкилот тавлид месозанд. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки сабақ аз саҳифаҳои печ дар печи таърих гирифта, баён медорад: «Муборизаи миллат барои соҳибихтиёрӣ, ҳифзи марзу бум, таъмини рушди миллӣ дар рақобатҳои ниҳоят сангину нангини байни миллатҳо, ҷонфидоиву хиёнатҳо, бурду бохтҳо дар тӯли таърих аз омилҳои муҳимтарини шаклгирӣ, рушд ва ҳамчунон рукуди психологияи ҷамъиятӣ мебошад». Бинобар ин, бо донистани ин раванду тамоилҳо кор ба сомон намерасад. Инсонҳоро зарур аст, ки аз таҷрибаи ҳаёти дирӯза ва имрӯза хулоса бароварда, ба манфиати ҷомеа кору фаъолият намоянд.
Пӯшида нест, ки маҳз аз бетарафӣ, ба ҳисоб нагирифтани ақидаҳои солими ҷомеа, сари вақт вокуниш нишон надодан ба тазодҳои бегонаву ифротгаро боиси ноором гардидани вазъ дар як қатор мамлакатҳо гардид.
Воқеаҳои Либия, Сурия, Ироқ, Афғонистон моро водор месозанд, ки барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватани азиз ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашем.
Исбот шудааст, ки психологияи миллӣ аз муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва омилҳои таъсиррасони дохилӣ ва берунӣ ташаккул ёфта, бо баробари тараққиёти ҷомеа инкишоф меёбад. «Ба ҳамин хотир, – менависад муаллифи мақола,- қудрати инсон дар доираи манфиатҳои миллӣ, дар ҷараёни ниҳоят мушкили давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, мерасад ба он, ки дар доираи имконоти нав, зарурати ҳаётан муҳим, зина ба зина ба психологияи миллӣ, дастовард, мушкил ва таҳдидҳои рӯзмарра ва стратегӣ мутобиқ карда шавад».
Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намуда, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азиз монеа эҷод мекунанд. Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони содиқи миллат ба ҳисоб рафта, ин раванд метавонад насли наврасро пайи ободӣ ва шукуфоии кишвари азиз ҳидоят намояд.
Нақши фард дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа басо муҳим ва тақдирсоз аст. Қаҳрамониҳои бемисли Шерак, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва даҳҳо намояндаи миллати мо метавонанд барои ҷавонон идеал ва раҳнамову ифтихор бошанд. Ҳар як давраи таърихӣ, вобаста ба рушди он, шахсиятҳои таърихиеро ба вуҷуд меорад, ки онҳо метавонанд қутбнамои миллат бошанд. Муҳтарам С. Ятимов иброз медорад, ки: «Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд. Қисмати баркамол ва ҷавони имрӯза, ки мутаносибан – наслҳои асри гузашта ва муосир мебошанд, шоҳиди онанд, ки шахсиятҳои бузург ба хотири сохтан, аз нобудӣ эмин доштан, бақо гузоштан, ҳимоя кардан ва рушду нумӯи давлату миллат ба ин унвон ва мартабаи олӣ ноил гаштаанд».
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, на танҳо чун шахсияти миллӣ, балки ҳамчун чеҳраи маъруфи ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуда, беҳтарин идеал барои пайравӣ мебошанд.
«Дар пайравӣ ба Пешвои миллат, ба ҳаёт, корнамоӣ, ҷонфидоӣ, натиҷаи амали таърихӣ ва зиндаи ӯ ҳис, дарк, фаҳм ва андешаи миллӣ, ки ҷавҳари онро амн ва рушди миллӣ ташкил мекунад, шакл мегирад. Наслҳо дар мисоли корномаи ӯ тарбия мешаванд. Он сарчашма ва пояи аслии пайдоиши рӯҳи миллӣ мебошад», – таъкид медорад С. Ятимов.
Нуктаи дигаре, ки муаллиф бо дилсӯзӣ ҳарф задааст, боиси дастгирӣ мебошад. С. Ятимов менависад: «Эҳсосоти гурӯҳи иҷтимоиро дар ҷараёни дарки воқеият ҳам дар дохили минтақа ва берун аз он бо реалияти объективӣ баробарвазн гуфтан наметавон. Шуури муқаррарӣ бояд ҷузъиёти аз доираи эҳсос фаротарро дар бар гирад. Эҳсоси воқеият, асос ва давоми мантиқии он андеша, фикрронӣ, арзёбӣ ва хулосабарории дурустро ҳамчун омили муҳим ва ҳатмии таъмини амнияти шахс ва ҷомеа эътироф кардан зарур аст».
Дар шароити кунунӣ ҳар кадоми мо вазифадорем, ки пояҳои давлати навбунёди худро мустаҳкамтар намуда, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум, дар асоси анъанаю суннатҳои деринаи давлатдории миллии хеш, дар масири таърих устуворона қадам занем. Моро зарур аст, дар кори созандагиву бунёдкорӣ, ки ба рушди миллӣ таъсиргузор аст, аз дирӯз беҳтару хубтар заҳмат кашида, рӯ ба мактабу маориф биёрем. Бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Ватанро обод ва халқамонро шод гардонем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code