. Мавқеи Тоҷикистон
. дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм
Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрўза – экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.
Ба ин муносибат зарурати ёдрас шудани суханони ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мағз андар мағзи ҳар фарди худогоҳ ҷой гирифта, ба кору пайкор ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ даъват мекунанд, эҳсос мегардад: «…На теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, наманораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдодоони моро шикаста натавонист».
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳо баланд додаанд.Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тўли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.
Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дарвоқеъ, сўйистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Сарвари кишвар чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.
Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рўбарў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистоне мебинем.
Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва эктсремизм бояд номгўи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад.
Яке аз воситаҳои ба гурўҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурўҳҳо мебошад.
Аз ин рў, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок ирсол созанд.
Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сатҳи Тоҷикистон ва аз сатҳи минтақа пайдо кардааст.
Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам.
Ин аст, ки имрўз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароию экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рўшанию торикӣ гаштааст. Зеро агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.
Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, қудратҳое чун Русия ва Чин, давлатҳои узви СҲШ, САҲА, кишварҳои ИДМ ва ғайра бояд ин марзи имрўзаи Тоҷикистон ва ин нақши таъйинкунандаи муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароию терроризмро дарёбанд.
Албатта, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин падида дастгир намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васетар аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрўз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.
Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.