Асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад.
Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои он дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.
Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. ҳоло терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Воқеаҳои мудҳиши ҷумҳуриҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ҳодисаҳои нангини шаҳрҳои Ню-Йорк, Париҷ, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Волгоград мардуми озодфикру равшанзамири ҷаҳонро ба мубориза бар зидди терроризм муттаҳид сохт. Ин масъала борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардааст. Мавзӯи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рӯз аз рӯз бо дастгирии давлатҳои абарқудрат ҳодисаҳои террактӣ бештар гардидаанд.
Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаю канори олам ва садҳо таркишу ҳазорон қурбонии он ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти давлатиро гум карда, ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши тамоми ҷаҳониён гардид. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризе дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.
Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холи нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти динро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рӯзноманигорон ва хизматчиёни давлатӣ, ки роҷеъ ба таърихӣ Ислом маълумоти аниқ надоранд, дар бораи дини мубини Ислом суханони носанҷида мегӯянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ва ё он кишвар халал ворид мекунад. Ислом ба даҳшатафканӣ ҳеҷ муносибат надорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва дӯшмани Худову бандагони ӯст ин гуна нирӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳон фарҳангӣ волои Исломро пиёда месозанд».
Бояд дар назар дошт, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам дар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳҳо ва созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамоянд, ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Дар ҷараёни майдоннишиниҳо (дар майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ», ки ҳар ду майдон ҳам аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд) ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парлумон, ғасби биноҳои ҳукуматӣ як амри муқаррарӣ шуда буд.
Камтаҷрибагии нерӯҳои сиёсӣ ва давлати навистиқлол якҷо бо омилҳои дигари дохилию берунӣ ба амалҳои ифротӣ ва ниҳоят ба террору ҷанги дохилӣ сабаб гардид. Он солҳо як қатор шахсиятҳои бузурги сатҳи давлатиро бо амалҳои террористӣ нобуд карданд.
Солҳои охир низ созмонҳое зиёд пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин даст ба ифротгароӣ, экстремизм ва ниҳоят ба террор намудани ин ё он давлат, ҷомеаи муайян машғул мешаванд. Барои ҳамин имрӯз пеш аз ҳама бо ҷавонон бештар кор бояд кард, то онҳо огоҳ бошанд, ки бештар ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҳои сиёсиву идеологӣ дошта, на барои манфиати мардум, балки бо фиреб додани аҳолӣ аз паи амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мебошанд.
Чуноне дар боло ишора рафт, таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсу-сан терроризм, бисёр мушкиласт, зеро мафҳуми худи терроризм он қадар маълум ва мушахас нест. Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зӯроварӣ ва хушунатаст. ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зӯроварӣ (ба фикри онҳо зӯроварии ҳақ ва ногузир) аст.
Бояд иқрор шуд, ки имрӯз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастҷамона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад.
Ф. Ҳомидов,
профессори ДДҲБСТ