16 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара таҳти раёсати Раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст Камолов Қаҳрамон, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, иттилоъ дод, ки интихобот дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор шуд.
Сипас, ваколати 40 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, даъвати шашум тасдиқ гардид ва вакилони тозаинтихоб дар назди халқу давлат савганд ёд карда, омодагии хешро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия вакилон дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карданд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳамзамон аз ҳавзаи интихоботии Данғара, №3 номзадии Одиназода Бозоралӣ Неъматро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки номзадии мавсуф мавриди дастгирӣ қарор ёфт.
Пас аз ба итмом расидани кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум машварати кории Раиси ноҳия доир гардид.
Дар машварат кори Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, бунёду ба истифодадиҳии иншооти ҷашнӣ, омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ, бунёди боғу токзорҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасони дар муассисаҳои тиббӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ва ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳо дода шуд.