01.04.2020. Имрӯз бо баргузорсозии як тантанаи бошукӯҳ 52 нафар ҷавонони шуҷоатманди ноҳияи Данғара ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

Хизмат ба Ватан қарзи  шаҳрвандии  ҳар як   ҷавонмарди  бонангу номус ба ҳисоб рафта,  таъмини амнияти марзу буми кишвар,  зиндагии осоиштаи мардум  аз хизмати содиқона ва  хушёрию чолокии  афсарону сарбозон  вобастаги дорад. Ҳамасола шуруъ  аз моҳи апрел даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ оғоз  мегардад. 

Ба хотири сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар  дар саҳни комисарияти ҳарбии ноҳияи Данғара чорабинии тантанави доир гардид, ки дар он ҷавонони ихтиёри аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъ омада буданд.

Нахуст дар оғози чорабини раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҷавонони мо бояд химоягари манфиатҳои милли бошанд. Чунки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва мардонигист. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки дар ин мактаб сабақ омӯхта, таҷрибаомӯзӣ карда, ҳамчун фарзанди бонангу ори Ватан ба камол расад. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон дарси шуҷоат омӯхта, дар машқҳои ҳарбӣ обутоб меёбанд, ба қадри Ватан, падару модар, сарзамини аҷдодӣ ва қадру қимати ҳар ваҷаб хоки диёр мерасанд. Дарк мекунанд, ки онҳо ҳомии Ватан ҳастанд ва ояндаи давлату миллат аз далериву матонати онҳо вобастагии зиёд дорад.

Ҳамзамон дар ин рўз наваскарон ва волидайни онхо  иштирок ва баромад намуда, ба фарзандон хизмати софдилонаро  таманно намуданд.

Бародарон Файзулло ва Фатҳиддин аз ҷамоати деҳоти Себистон дар қатори 52 нафар ҳамсолони худ барои адо намудани хизмати модар ватан дар рўзи аввали даъвати баҳорӣ дар комисарияти ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд ва дар қатори 52 нафар  чавонон ихтиёран хизмати модар ватанро пешаи худ намуда, азм намуданд, ки  қарзи фарзандии хешро дар назди ватан ва волидайн бо сарбаланди иҷро менамоянд.

Сипас ба муносибати гусели наваскарон ба хизмати  модар – ватан ҷихати руҳбаландии эшон аз ҷониби ҳунармандони ноҳия  барномаи ҷолиби консерти иборат аз суруду таронаҳои таранумгари меҳру садоқат ба ватан манзури иштирокчиёни чорабини гардонида шуд.