Паёми табрикии Раиси ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи дониш
Муҳтарам устодону омўзгорон!
Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои идонаҳамаи Шумо устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон, наврасоне, ки бори аввал ба мактаб мераванд ва онҳоеро, ки соли аввали таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он оғоз мекунанд, ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рўзи дониш ва дарси сулҳ табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рўзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.
Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Мактаб макони муғаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халғамонро аз худ мекунанд, сабағи ватандўстиву оини ватандоррӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мағоми арзанда пайдо менамоянд».
Аз ин лиҳоз, устодону омўзгорон бояд дар тарбияи мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир ва мутобиғ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон ҷавонон бояд ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерўи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муғаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.
Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шурўъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.
Вобаста ба ин, мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рўҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандўстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору таҳсил ва ба талаботи замони муосир мувофиғ гардонидани иншооти таълимиву маъмурии он имрўз биноҳои нави муассисаҳои таълимиро, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, бо техникаву технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз сохта ба истифода медиҳад.
Дар доираи омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиғлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 адад муассисахои нави таълимӣ мавриди баҳрабардории толибилмон карор дода шуда, бунёди сохтмони 14 адад муассисаи нави таълимии миёна ва касбию оли бо маром идома дорад.
Дар шароити имрўза, ки тамоми оламро бемории сироятии Ковид-19 фаро гирифтааст ва устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурии ҳифзу ҳимояи беҳдошти шахсии хонандагону донишҷуён, кормандони соҳаи маориф риоя карда шавад, то ин ки раванди таълиму тарбия идома ёбад.
Итминони комил дорам, ки устодону омўзгорон новобаста аз вазъи эпидемикии кишвар анъанаҳои наҷибу пуршарафи маорифпарваронаи ин миллатро идома дода, фарзандони кишварро тарбия мекунанд.
Бояд тазакур дод, ки падару модарони азизро зарур аст ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд, барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ барои ояндаи осудаи худи фарзандон ва волидайн, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Бори дигар ҳамаи устодону омўзгорон, хонандагону донишҷўён, падарону модарон ва ҳама сокинони ноҳияи Данғараро бо Рўзи дониш ва оғози нави таҳсил табрик гуфта, саломатӣ ва барору комёбӣ орзумандам.
Саодатманду сарбаланд бошед.