Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ
Рўзи 9 майи соли ҷорӣ Бахшида ба таҷлили 75-солагии Ғалаба ба хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пояи муҷассамаи Қаҳрамои Иттиҳоди Шўравӣ Исмат Шариф гулчанбар гузошта шуд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи башарият фоҷеае буд, ки дар натиҷаи он кишварҳои зиёде хароб гашта, беш аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Эҳтироми хотири фарзандони шуҷои Ватан ва қадршиносӣ дар ҳаққи онҳое, ки барои ҳимояи марзу бум ҷони азизи хешро ба гарав ниҳода зиндагии осудаи наслҳои имрўзу ояндаи халқамонро фароҳам овардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа буда, насли имрўзро бояд барои анҷом додани хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар асоси ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд, зеро қаҳрамониҳои онҳо ҷовидонист ва таҷрибаи зиндагии онҳо ҷиҳати устувор гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносӣ вазифаи мост.