Маркази фароғатии “Хурамшаҳр”
Маркази фароғатии “Хурамшаҳр” 19 марти соли 2010 бо ташаббус ва иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркменстон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мавриди истифода ќарор дода шудааст. Маркази фароғати дорои якчанд толорҳои хурду бузург буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтаанд. Гуногунрангии ороишот то ба ҳадде аст, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такрор намешавад. Дар ороиши толорҳо аз ҳунари волои устоҳои чирадасти чўбтарош, сангтарош, гаљкор, оинабандон, рассомону наққошон ва ғайра ба хубӣ истифода шудааст. Кандакориҳои рўйи чўб, санг ва гаљ, ки бештараш дар болои оина шинонда шудаанд, ҳар яке аз дигаре дилработаранд. Дар ороиши Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ҳамчунин осори меъмории шаҳрҳои қадимаи мардумони тоҷику форс мавриди истифода ва сайқалу такмил қарор гирифтаанд.