Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 таҳти №205 дар заминаи филиали Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур таъсис ёфтааст.
1 сентябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави боҳашамати Донишгоҳи давлатии Данғара кушода шуда, мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур дорои тамоми шароитҳои моддию маънавӣ ва имкониятҳои техники мебошад.