“Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод”
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Данғара дар ҳамкори бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва вазиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 17 марти соли 2020 дувумин Фестивали фарҳангии хориҷи таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” баргузор гардид.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия, аз ҷониби роҳбарияти маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара истиқбол гирифтанд.
Иштирокчиёни фестивали мазкур аз Осорохонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда аз айёми мактабхонии Пешвои муаззами миллат шиносои пайдо намуданд.
Ҳамзамон меҳмонон аз деҳаи зебоманзари Пушинг дидан намуда, мардуми меҳмоннавози ин ҷамоат ҷавононро бо намоиши хӯрокҳои миллӣ, барномаи фарҳангию фароғати истиқбол гирифтанд ва аз бозиҳои миллии варзиши аз қабили гуштини миллӣ, дастхобонӣ, бандкаши, бандпарак, ланкабозӣ, шоҳмот, тухумҷанг, буҷилбозӣ, чиликдангал шиносои пайдо намуданд.
Дар хотима дар Қасри фарҳангӣ ноҳияи Данғара аз тарафи ҷавонони хориҷӣ ҳунару санъат ва фарҳанги халқиятҳои худро пешкаши иштирокчиён Фестивал гардониданд.
Бояд қайд кард, ки дар Фестивали мазкур ҷавонон аз 12 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркменистон, Ҳиндустон, Туркия, Арабистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Испания, ИМА ва Тоҷикистон иштирок доштанд