Паёми табрикии Раиси ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Модар
Модарону хоҳарони азиз!
Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад.
Бо эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар Шумо модарону бонувони азизро бо ҷашни фархундаи Рӯзи модарон самимона табрик менамоям, ба ҳар кадом саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгорро тамано дорам.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар иброз медоранд «Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».
Дар сатҳи баланд бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар ин нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад.
Аз ҷумла ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимоди худро гузошт, зеро бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз зан-модар манша мегирад.
Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони ноҳияи Данғара бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.
Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.
Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Иди зебоятон мубораку хуҷастапай бошад модарону бонувони азизу меҳрубон!